Дар доираи  сиёсати муваффақонаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла  бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  ҳамкориҳои  гуногунҷанба  бо Ҷумҳурии Туркия  ва дигар кишварҳои  минтақа ва ҷаҳон густариш меёбад. Дар ҳамин росто бо даъвати раиси  вилояти Кунияи Ҷумҳурии Туркия  раиси шаҳри  Кӯлоби вилояти Хатлон Назарзода Бахтиёр Худоёр  ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои  иқтисодию тиҷоратӣ байни  ин  минтақаҳо  дар шаҳри Кунияи Ҷумҳурии Туркия қарор дорад.

 Ёдовар мешавем, ки имрӯз раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр  дар Намоишгоҳи  байналмилалии пойафзол, ки аз 26 то 29 октябри соли 2023 дар Ҷумҳурии Туркия оғоз шудааст иштирок намуда, ҳамзамон аз корхонаҳои саноатии ин минтақаҳо дида менамоянд.

Маврид ба зикр аст, ки шаҳри бостонии Кӯлоб бо шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия бародаршаҳр буда, то инҷониб миёни ин шаҳрҳо Созишнома оид ба ҳамкориҳои  тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва гуманитарию фарҳангӣ ба имзо расонида шудааст.

Ҳамчунин ёдовар мешавем, ки  бо мақсади рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ- ҳайати соҳибкорони шаҳри Кунияи Туркия таҳти роҳбарии раиси Палатаи савдои ин минтақа Селчук Озтурк моҳи сентябри соли 2022 аз шаҳри Кӯлоб боздид намуданд.  

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP