Хонандагону донишҷӯёни азиз!
Омӯзгорону устодони муҳтарам!
Бо истифода аз фурсати муносиб ва самимияти беандоза, сараввал, ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи дониш шодбош мегӯям.
Чун анъана дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамасола 1 сентябр Рӯзи Дониш бо тантана ва шукӯҳи хоса таҷлил гардида, дарси аввали соли нави таҳсил аз дарси сулҳ оғоз мегардад. Рӯзи дониш дар ҷомеаи мо аҳаммияти бузурги таърихӣ дошта, оғози соли нави таҳсил ва рамзи саъю кӯшиши дониш ва нашъунамои мамлакати азизамон мебошад.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ин рӯз ҳамчун санаи гиромидошти илму дониш ва маърифату маънавиёт таҷлил мегардад, ки пеш аз ҳама гувоҳи равшани ғамхориву таваҷҷуҳи доимиву хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф мебошад. Дар ин маврид чунин қайд намудаанд: «Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф-сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободии давлат ва Ватан мебошад».
Лозим ба таъкид аст, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо шарофати меҳнати содиқонаи мардуми кишвар, аз ҷумла Шумо омӯзгорону устодони муҳтарам ба давраи сифатан нави рушди иҷтимоиву фарҳангии худ ворид гардида, дар таҳкими минбаъдаи рукнҳои давлатдорӣ, раванди созандагиву бунёдкорӣ ва тарбияи насли солиму ояндасоз қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Бо дарназардошти ин, метавон гуфт, ки дастоварди бузургтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 32 соли Истиқлолияти давлатӣ, пеш аз хама, барқарор намудани сулҳу суботи комил, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, рушди бесобиқаи иҷтимоиву иқтисодӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик таҳти сарварӣ ва ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муяссар гардидааст.
Омӯзгори аслӣ меъмори ҷомеаи мо буда, тафаккури насли ояндаро ташаккул медиҳад ва дар дили ӯ шарораи шавқу ҳавасро афрӯхта, меҳру муҳаббати илму донишро ба вуҷуд оварда, камолоти зеҳнии ҷавонони моро тарбия мекунад. Бояд гуфт, ки таъсири омӯзгор аз доираи мактабу донишгоҳ фарохтар аст. Вай тарбиятгар, намунаи ибрат ва муҳарриқи ҷомеа барои рушду инкишоф буда, тавассути роҳнамоии худ ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки онҳо аз нуқтаи назари илмӣ андешаронӣ намуда, иштирокчиёни фаъоли рушди ҷомеаи имрӯзаи мо гарданд.
Аз ин рӯ, Роҳбари давлат таъкид менамоянд, ки «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем».
Бо эътирофи саҳми бебаҳои омӯзгорон, Ҳукумати мамлакат барои дастгирӣ ва баланд бардоштани ҷойгоҳи омӯзгор пайваста тадбирҳои судманд меандешад. Аз он ҷумла, ба такмили барномаҳои таълимии омӯзгорон афзалият дода, онҳо бо усулҳои навтарин ва захираҳои таълим дастгирӣ меёбанд.
Имрӯз дар назди омӯзгорон дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон вазифаҳои бисёр муҳим меистад, ки иҷрои он аз як ҷониб бисёр пурзаҳмат буда, аз тарафи дигар, кори арзишманд ва пуршараф мебошад. Ин рисолати бузург аз ҳар омӯзгор фидокориву садоқат, самимияту масъулиятшиносӣ ва кӯшишу ғайрати дучандро талаб менамояд.
Дар ин маврид, Пешвои миллат вобаста ба вазифа ва рисолати омӯзгорон ва аҳли илму адаб дар шароити муосир зикр менамоянд, ки «Ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона дар даврони соҳибистиқлолии Ватан аз устодону омӯзгорон, олимону донишмандон ва дар маҷмӯъ, аз тамоми кормандони соҳаҳаои илму маориф тақозо доранд, ки пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илму техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар рӯҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд».
Ин суханони пурҳикмат ва даъвати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи кору фаъолияти пурсамари кули кормандони соҳаи илму маориф бояд бошад.
Дар даврони истиқлоли давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши маориф ва илму маърифатро дар пешбурди ҳамаи самтҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар сатҳи баланд арзёбӣ карда, маорифро соҳаи афзалиятноки сиёсати худ эълон доштааст. Маҳз ҳамин мақоми ҳалкунанда доштани маорифро дар пешрафти ҷомеа ба назар гирифта, бо мақсади ба стандартҳои умумиҷаҳонӣ мутобиқ сохтани шаклҳои замонавии таҳсилот дар мамлакат ислоҳоти мақсадноки соҳаи маориф ҷараён дорад.
Барои расидан ба ин ҳадаф низоми маориф дар ҷумҳурӣ такмилу тақвият ёфта, ҷиҳати мутобиқ сохтани он ба сатҳи байналмилалӣ ва мукамал намудани мазмуну мундариҷааш бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва тарбияи ватандӯстӣ санадҳои асосии меъёрии ҳуқуқии марбут ба соҳа таҳия ва тасдиқ гардида, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо оила ва муассисаҳои таълимӣ наслеро тарбия карда, ба воя расонем, ки онҳо пеш аз ҳама дорои тафаккури созанда, ҷаҳонбинии фарох, мусаллаҳ бо донишҳои муосир, зикру соҳибмаърифат ва худшиносу ватанпарвар гардида, барои рушду ободонии ояндаи кишвари соҳибистиқлол содиқона хизмат намоянд ва дар арсаи ҷаҳонӣ давлату миллати худро ба таври сазовор муаррифию пуштибонӣ карда тавонанд.
Моро зарур аст, ки пайваста аз истиқлолу озодӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти ҷовидонӣ мебошанд, шукрона намуда, онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем ва пойдевори азими давлати миллиамонро зина ба зина устувору қавӣ гардонем.
Бояд шукрона кунем, ки Ватани азизу давлати соҳибистиқлол дорем ва дар он бо кӯшишҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз рушду нумуъ карда, боз ҳам ободу зебо мегардад.
Дар анҷом бори дигар ҳамаи Шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори Рӯзи дониш самимона табрику таҳният гуфта, итминони комил дорем, ки ғояи волои истиқлол, ҳадафҳою натиҷаи созандагӣ, омӯзиши донишҳои замонавӣ ва касбу ихтисосҳои муосир ҳамеша ҳидоятгар ва раҳнамои мо ба хотири ободии Ватан ва сарзамини маҳбубамон боқӣ мемонанд.
Рӯзи дониш муборак бод!
Саломату сарбаланд бошед!
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP