Имрӯз, 25 августи соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб мулоқоти муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб Ташрифзода Мунаваршо бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон хонум Эри Двиведи баргузор гардид.
Муовини раиси шаҳри Кӯлоб дар оғоз оид ба ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ изҳори назар карда, қайд намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёде дар соҳаҳои иҷтимоии вилояти Хатлон хусусан шаҳру деҳоти Кӯлоб амалӣ шуда, қисмате дар ҳоли амалишавӣ қарор доранд. Амалишавии барномаҳои рушди тандурустӣ барои ҳифзи саломатии модару кӯдак ва “Лоиҳаи “Мактаби бехатар:      Пешгирии зӯроварӣ нисбати кӯдакон бо таваҷҷуҳ ба духтарон дар оила, мактаб ва ҷомеа” идома дошта, дар доираи онҳо корҳои назаррас баҳри баланд бардоштани некӯаҳолии сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб ба анҷом расонида шудааст.
Дар доираи лоиҳаҳои дигари худ ЮНИСЕФ дар самти амалӣ гардонидани некӯаҳолии оилаҳои камбизоат, баланд бардоштани устувории иқтисодӣ ва густариши татбиқи ҳуқуқҳои онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.
Бояд қайд намуд, ки дар шаҳру деҳоти Кӯлоб мушкилот дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ ба назар мерасад ва ба дастгирии шарикони рушд метавон роҳи ҳалии бештари масъалахои ҳалли онҳоро дарёфт намуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон таҷрибаи хуб дар амалисозӣ ва мониторинги барномаҳои рушди маҳал, бахусус шаҳру ноҳияҳоро дорад.
   Дар ин ҷода зарур аст, ки ҳамкории Намояндаи ЮНИСЕФ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вобаста ба амалишавии механизмҳои банақшагирии стратегӣ дар сатҳи маҳал ба роҳ монда шавад.
    Гуфта шуд,ки сол то сол зиёдшавии аҳолӣ ба мушоҳида мерасад, ки барои таъмин намудани шароити мусоид талаб менамояд. Хусусан, барои кӯдакону наврасон ҳамасола зарурати сохтмони муассисаҳои нав ба миён меояд. Бинобар ин, ба масъалаи бунёди муассисаву синфхонаҳо ва муҳайё кардани шароити таълиму тарбия таваҷҷӯҳи махсус равона гардидааст. Илова бар ин, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот корбарӣ намудан лозим мебошад.
Дар фарҷом ҷонибхо изҳори умедворӣ карданд, ки дар доираи ҳамкорӣ, ҷиҳати беҳтар намудани вазъи некӯаҳволии сокинон ва ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи соҳаҳои мухталиф бахусус маориф ва тандурустӣ мусоидат менамоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP