— Бовар дорам, ки тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ, пеш аз ҳама, табибону ҳамшираҳои шафқат минбаъд низ бо дасту дилу нияти пок ба халқ хизмат мекунанд ва вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, шарафи касби пурифтихори хеш, яъне шифобахши дарди мардумро баланд мебардоранд.
Шумо бояд доим дар хотир дошта бошед, ки пайравони Синои бузург мебошед…».
 
Иқтибос аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Дирӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Қабл аз оғози чорабинӣ роҳбарияти шаҳр ва дигар иштирокчиён аз намоиши китобҳо ва асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, намунаи дастурҳо ва брашураҳои таблиғотии тиббӣ, дастовардҳои Марказҳои саломатӣ боздиди намуданд.
Сипас, чорабинии тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Баъдан, Абдураҳмонов Бобохон, Ҳамоҳангсози соҳаи тандурустӣ оид ба “Фаъолият, дастовард ва мушкилотҳои соҳаи тандурустии шаҳру деҳоти Кӯлоб” дар назди ҳисобот пешниҳод намуд.
Дар идома Рустамов Шарофиддин, мудири бахши минтақавии Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон суханронӣ намуда, қайд намуд, ки солимии ҷомеа яке аз ҳадафҳои стратегии кишварамон буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сифат ва самараи хизматрасонии тиббӣ ҳамасола кӯшиш ба харҷ медиҳад. Дар баробари ин заҳмати табибони ҳозиқ аз ҷониби Ҳукумати кишвар қадрдонӣ карда мешавад.
Ҳамчунин яке аз собиқадорони соҳаи тандурустӣ Раъно Ғафуровна, мутахассиси ҷавони соҳаи тандурустӣ Парвиз Файзов тамоми кормандони тибро ба ин муносибат табрик намуда аз дастгириҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кормандони соҳаи тандурустӣ ёдоварӣ намуданд.
Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бо сухани табрикотӣ кормандони соҳаи тандурустиро аз самими дил табрику муборак бод гуфта, ба онҳо саломатӣ, хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар корҳои оянда баҳри ҳифзи сиҳатии омма бурдбориҳои беназир таманно намуд.
Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо ба кармандони тиб муроҷиат ва таъкид намуданд, ки «Шумо табибони гиромӣ, ворисони ҳақиқии нобиғаи бузурги ҷаҳонӣ Абуали Ибни Сино мебошед, ки китоби машҳури у «Қонуни тиб», ҳануз дар асри ХII бо забони лотинӣ тарҷума шуда, асрҳои зиёд ҳамчун китоби руйи мизии табибони олам хизмат кардааст. Бо назардошти ин нуқта, ҳар яки Шумо бояд шарафи касбии худро ҳифз карда, бо фаъолияти содиқонаву софдилонаи хеш барои бақову ҳастии миллат, яъне ҳифзи саломатии мардум ва рушди минбаъдаи соҳаи тандурустии мамлакат саҳми арзанда ва шоистаи худро гузоред.
Дар идомаи баромади хеш раиси шаҳри Кӯлоб оид ба бурду бохти соҳаи тандурустӣ ибрози андеша намуда аз кормандони соҳаи тандурустӣ даъват ба амал овард, ки дар иҷрои вазифаҳои ба зиммадошта масъулиятшинос бошанд, дар муомилаву муошират бо мардум одоби баланди касбии хешро нишон диҳанд то дар ҷомеа соҳибэҳтиром гарданд.
Дар фарҷоми ҷамъомад ба як қатор собиқадорон, табибон, ҳамшираҳои шафқат Ифтихорнома, Сипоснома, мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар вазъияти тантанвӣ тақдим карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки давлату ҳукумат ин қадар таваҷҷуҳи хосса ба соҳаи тандурустӣ барои он зоҳир мекунад, ки солимии ҷомеъа таъмин бошад. Зеро солимии ҷомеъ бойгарии давлат аст
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP