Санаи 21 августи соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати бевоситаи раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид.
    Дар ҷаласаи мазкур муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ, сардорони раёсатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимию тиббии шаҳр, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Нахуст раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида рӯзномаи маҷлисро ба ҳозирин шинос намуд.
Дар ҷаласаи навбати назоратии раиси шаҳри Кӯлоб масъалаҳо оид ба супоришҳои дар маҷлиси қаблӣ додашуда, оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2022, №187 дар бораи “Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, истифодаи босамари заминҳои кишоварзӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тибқи тартиби ҷаласа нахуст роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Наргис Қурбонзода оид ба қарорҳои раиси шаҳри Кӯлоб оид ба иҷрои супоришҳои протоколии роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар сохторҳо ҳисобот пешниҳод намуд.
Баъдан раиси шаҳри Кӯлоб оид ба иҷрои дастуру супоришҳо аз ҳар як масъулин пурсиш намуда, таъкид намуданд, ки дар иҷрои вазифаҳои ба зиммадошта масъулиятшинос бошем дар иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корбариро ҷоннок намуда, чорабиниҳо дар пешистодаро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баргузор намоем.
Дар идома муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2022, №187 дар бораи “Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ҳисобот пешниҳод намуда қайд намуд, ки тибқи Фармони Президенти кишвар “Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти идоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ ба ин самт равона карда шудааст.
Ҳамчунин муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб Ташрифзода Мунаваршо оиди истифодаи босамари заминҳои кишоварзӣ баромад намуд.
Зимни баргузории ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳри Кӯлоб масъалаҳо ҷиҳати кам кардани бақияпулиҳои андоз, кам кардани бақияи қарзи нерӯи барқ, бартараф намудани савдои сарироҳӣ, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, таъмири роҳу роҳравҳо, беҳтар намудани равшанднокии кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр, омодагӣ ба таҷлили Истиқлолияти давлатӣ, зиёд намудани шумораи китобу китобхонаҳо дар шаҳр, ташкили ярмаркаҳои либоси мактабӣ ва лавозитмотҳои хониш, ҷамъоварии ҳосили пахта, насби шиору овезаҳо, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба масъалаҳои рӯзмара ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуда ва дар ин замина ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP