Субҳи 19 августи соли равон тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид барои шиносоӣ аз оғози рафти корҳои сохтмони манзили истиқоматии 4 оила, ки хонаҳояш дар фоҷиаи нақлиётӣ, ки рӯзи 6 август валангор шуда буданд, бо сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.
Нахуст, аз аҳволи оилаҳои зарардида пурсон шуда, ба онҳо сабру таҳаммул хост. Иброз дошт, ки ҳеҷ вақт худро танҳо ҳис накунанд, зеро давлату ҳукумат, бахусус Сарвари давлат имрӯз ба ҳар як сокинии Тоҷикистон ғамҳорӣ зоҳир мекунад.
Ба масъулони сохтмон дастуру супориш доданд, ки саривақт ва босифат корҳои сохтмониро анҷом диҳанд, зеро ки дар пеш фасли тирамоҳ наздик шуда истодааст.
Маълумот дода шуд, ки хонаҳои мазкур аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаи Дӯстӣ сохта мешаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP