Дар Кооперативи тиҷоратии Роҳбар Қосимови Ҷамоати деҳоти "Кӯлоб"-и шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ба ҷамъоварии пахта оғоз бахшиданд.
Аз тарафи хоҷагидорони шаҳри Кӯлоб намоиши маҳсулоти ҷамъовардаи имсолаи деҳқонон пешкаш карда шуд. Раиси вилоят бо хоҷагидорон суҳбати сарироҳӣ намуда, ба онҳо доир ба беталаф ва саривақт ҷамъоварии ҳосили имсола ва захираи он дастуру маслиҳат дода, барои меҳнати пурсамарашон муваффақият таманно намуд.
Маълумот дода шуд, ки Кооперативи тиҷоратии Роҳбар Қосимов дар ихтиёри худ 89 гектар замин дошта, имсол дар майдони 40 га пахта, 39 га гандум, 1 га картошка, 2 га пиёз, 3 га ҷуворимакка, 4 га полезиҳо кишт кардаанд ва аз онҳо ҳосили баландро интизоранд. Хоҷагидор мақсад дорад, ки аз 40 га замини пахта 23, 4 сентнерӣ аз ҳар гектар ҳосил ба даст орад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни сафар, аз рафти корҳои омодагии корхонаи пахтақабулкунии ҶДММ «Тиллои сафед» воқеъ дар деҳаи Обшорони Ҷамоати деҳоти Кӯлоб боздид намуданд.
Дар вақти боздид аз ҳолати кории корхона пурсон шуд ва ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки корхонаи мазкур барои қабули пахта омода аст.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба роҳбари корхона ва кормандони он суҳбат намуда, барои қабул ва саривақт пардохтани маблағи қабули пахта дастуру тавсияҳо доданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP