Ҳозирини гиромӣ,
меҳмонон ва омӯзгорони муҳтарам!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ дар яке аз суханронихои худ бо муносибати фарорасии соли нави хониш ва Рӯзи дониш таъкид карданд, ки «Дар ҳама давру замон илмомӯзию маърифатпарварӣ яке аз омилҳои тақдирсози миллату кишварҳо дониста шудаанд. Рушди соҳаи маориф кафолати боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони ҷомеа аст”.
Ҳукумати кишвар таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибилм ва мутахассисони баландихтисосро яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии худ қарор дода, ҷиҳати инкишофи соҳаи маориф пайваста кушиш менамояд.
Дар баробари таъмини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар барои ба сатҳи талаботи замон баровардани соҳаи маориф, ислоҳоти он, гузаштан ба усулҳои муосири таълиму тарбия, таҳкими заминаҳои моддиву техники таълимгоҳҳо тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд».
Дар ҳақиқат аз ибтидои соҳибистиқлолии мамлакат давлату ҳукумат, бахусус Пешвои хиратсолори миллат ба соҳаи маориф ва таълиму тарбия диққати аввалиндараҷа медоданд ва дода истодаанд. Масалан ҳангоми ҳар як сафари кории Президенти кишвар ба шаҳри Кӯлоб ду ё се муассисаи нави таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Айни замон сохтмони мактабҳо дар 8 мавзеъ, аз ҷумла дар шаҳр мактаби нав барои 240 хонанда дар ҳудуди мактаби №42, Ҷамоати деҳоти Кӯлоб, деҳаи Тудакавш барои 240 хонанда дар ҳудуди мактаби №49, дар деҳаи Зарбдори Ҷамоати деҳоти Зарбдор (хирмани Хатлон) барои 240 хонанда, деҳаи Панҷосиёби ҳамин ҷамоат барои 240 ҷойи нишаст дар ҳудуди мактаби №14, барои 240 хонанда дар деҳаи Бахтобод (Чоқтемури собиқ)-и Ҷамоати деҳоти Зиракӣ, мактаб барои 320 хонанда дар деҳаи Сангпари ҳамин ҷамоат ва барои 240 хонанда дар деҳаи Зиракӣ, барои 240 хонанда дар деҳаи Сариёзидашт идома доранд. Аз ин ҳисоб 6 адад дар оғози соли хониши 2023-2024 ва 2 адади дигараш (Тудакавш ва Зиракӣ) то охири сол бояд мавриди истифода қарор бигиранд.
Сохтмони 2 муассисаи томактабӣ дар маҳаллаи 8-уми шаҳр ва деҳаи Зарбдор дар ҷараёнанд.
Ҳамасола беш аз 60 фисади буҷетҳои Ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ барои нигоҳдории соҳаи маориф равона мегардад.
Қариб дар ҳар Паёми Сардори давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ дастур дода мешавад. Аз ҷумла соли ҷорӣ шуруъ аз моҳи июл маоши кормандон 20 фоиз баланд бардошта шуд.
Аз руи маълумотҳои омори соҳаи маорифи шаҳри Кӯлоб ҳоло дорои 2833 адад компютер буда ба сари 15 хонанда 1 компютер рост меоянд.
Агар ҳама ғамхориву хизматҳои давлату ҳукуматро бобати рушди соҳаи маориф номбар кардани шавем, соатҳо лозиманд. Бинобарин зарур медонам бо мисолҳои боло маҳдуд шуда, якчанд сухан дар атрофи натиҷаҳо ба ин ғамхориҳо гуфта гузарам. Натиҷаҳо бошанд бояд руирост гуем, ки чандон қаноатбахш нестанд. Масалан, соли ҷорӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аттеастатсияи ғайринавбатии директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, томактабии шаҳр гузаронида шуд. Азбаски комиссияи аттестатсиониро худи вазорат таъсис дода буд, ягон нафар имконияти таъсиррасонӣ надошт. Бинобарин бо боварӣ метавон гуфт, ки аттестатсия воқеъбинона гузаронида шудааст. Аттестатсия маълум намуд, ки директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№3, 6, 7, 9, 10, 17, 21, 26, 30, 34, 36 ва 37 ба вазифаҳои ишғолкардаашон мувофиқат намекунанд. Роҳбар пеш аз ҳам худ шахси босавод, боодоб ва қобилияти ташкилотчигӣ дошта бошад. Он гоҳ коллективро роҳбари карда метавонад. Директороне, ки ба вазифаҳои ишғолкарда номувофиқ дониста шуданд, чанд сол муассисаҳоро сарвари карданд. Аз чунин роҳбар чи гунна натиҷаҳои хубро интизор шудан мумкин аст? Вақте, ки худаш саводи кофи надорад. Саволи матраҳ ба шуъбаи маориф ин аст ки ин чӣ гунна интихоб кардан ва ҷо ба ҷо намудани кадрҳост, ки директор ба оддитарин саволҳои аъзои комиссияи аттестатсионӣ ҷавоб гуфта наметавонанд?
Мактаб танҳо дар сурате ба сатҳи баланди донишандӯзӣ ва ташаккули ахлоқу рафтори хонандагон муваффақ мегардад, ки бо падару модар ва баръакс волидайн бо мактаб робитаи доимӣ дошта бошад. Зеро хонанда ҳамагӣ 5-6 соат дар мактаб буда, вақти боқимондаи шабонаруз дар хона аст. Мутаасифона санҷиши мақомотҳои марбута маълум намуд, ки на ҳама вақт байни волидайн ва мактаб алоқаи устувор ҷой дорад. Агар чунин алоқа мебуд 4 ноболиғ даст ба ҷиноят намезад. Ҳатто як хонанда дар муассисаи №5 ба ҷинояти вазнинтарин яъне одамкушӣ карда, бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуд.
Барои оворагардии хонандагон нисбати падару модарони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №6, 10, 21, 40, 45, 49, 51, 52, 53 маводҳо таҳия ва ҷиҳати чораҷуӣ ба суди шаҳри Кӯлоб ирсол гардиданд. Магар ин айб нест?
Бо маблағи зиёд соҳибкорони шаҳр муассисаҳои томактабии хусуси сохтанд. Вале айни замон 2 муассиса, «Миҷгона» ва «Ягона» фаъолият намекунанд. Барои чӣ? Ҳол он ки шаҳр ба муассисаҳои томактаби эҳтиёҷоти калон дорад.
Аз руи баъзе маълумотҳо аксарияти директорон, ки бояд 12 соат дарс диҳанд, боре ҳам ба дарс намедароянд. Вале гуё дарс дода бошанд, маош мегиранд. Мо ин масъаларо ҳатман ба воситаи комиссияи вакилон санҷида мебароем. Дар сурати ошкор шудани ҳамин хел ҳодисаҳо нисбати чунин роҳбарон чораҳои сахттарин дида мешавад. Боз нагӯед, ки огоҳ накардем.
Ҳамин гуна маълумот ҳаст, ки дар муассисаҳои томактабӣ омори нодурусти тарбиягирандагон бурда мешавад. Яъне шумораи тарбиягирандагон ба худи теъдоди онҳо мувофиқат намекунад. Албата ин масъаларо ҳам мо ҳатман омӯхта мебароем ва натиҷагирӣ мекунем. Шояд ҳамин хел ҳолатҳо аст, ки агар ба роҳбари муассисаи томактабӣ вазифаи мудири шуъбаи маорифро пешниҳод кунӣ ҳам розӣ намешавад.
Хулоса камбудиҳо дар фаъолияти муассисаҳои таълимии шаҳр хеле ҳам зиёд ба чашм мерасанд ва бояд тамоми чораҳо андешида шаванд, ки онҳо дар соли нави хониш ислоҳ гарданд.
Боварӣ дорам, ки кормандони соҳаи маориф дар соли нави хониш бо диди нав ба кору фаъолият шуруъ карда, дар тарбияи насли наврасу ояндасози Тоҷикистони азиз ба натиҷаҳои назаррас ноил мешаванд. Зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи насли наврасро ба омӯзгорону устодон, аз он ҷумла ҳама нафароне, ки дар толор ҳузур доред, бовар карданд. Бояд тамоми саъю кӯшиши худро баҳри он равона кунед, ки ба ин боварӣ сазовор бошед.
Дар охир ба устодону омӯзгорон дар тарбияи шогирдони бомаърифат, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия барори кор мехоҳам.
Тансиҳату сарбаланд бошед.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP