Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тамоми сокинони шаҳрро ба фарорасии Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон табрик менамояд!
Боиси фараҳмандист, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол варзиш новобаста аз синну сол ва мавқеи иҷтимоии шаҳрвандон оммавӣ гардида, ҳамчун қосиди сулҳ, рамзи дӯстиву рафоқат ва шарафу эътибори миллат шинохта шудааст!
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Миллати тоҷик ҳанӯз дар замонҳои қадим бо ойинҳои ҷавонмардиву паҳлавонӣ маъруф буд... Имрӯз ҳам бо ифтихор изҳор менамоям, ки варзишгарони тоҷик бо иштироки фаъолонаи худ нуфуз ва эътибори сарзамини соҳибистиқлоламонро баланд бардошта, Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ карда истодаанд”.
Дар воқеъ, барои миллати тамаддунсози тоҷик варзиш бо гузашти ҳазорсолаҳо ба як бахши зиндагии маъмулӣ табдил ёфта, дар ин муддат садҳо намуди варзиш аз ҷониби ниёгони мо ихтироъ ва роҳандозӣ гардидаанд. Аз ҷумла, камонвариву аспдавонӣ, шамшерзаниву найзаандозӣ, гуштину ҳарбҳои тан ба тан, чавгонбозиву гурзандозӣ, давидан ба масофаҳои дуру наздик, оббозиву қаиқронӣ, нардбозиву камандпартоӣ ва ғайраҳо аз зумраи он намудҳои варзиши миллӣ ҳастанд, ки бо гузашти замон хусусияти ҷаҳонӣ касб кардаанд.
Айни замон дар шаҳри Кӯлоб 5 мактаби варзишӣ фаъолият дошта, насли ҷавонро аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш таълим дода истодаанд. Инчунин, дар шаҳри Кӯлоб 185 майдончаи варзишӣ, 23 иншооти махсуси варзишӣ, 75 толори варзишӣ, 4 ҳавзи шиноварӣ, 1 маҷмааи варзишӣ ва 1 варзишгоҳи марказӣ барои машқу тамрин ва баргузории мусобиқаҳо фаъолият доранд. Боиси тазаккур аст, ки қисмати зиёди иншооти мазкур маҳз дар солҳои соҳибистиқлолӣ, бахусус дар 10-солаи охир бунёду барқарор гардида, шумораи варзишгарони касбӣ рӯ ба афзоиш дорад.
Чунин корҳои ободониву созандагиро агар ба давраи то ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ муқоиса намоем, маълум мегардад, ки рӯз аз рӯз бунёди иншооти таъиноташон гуногуни варзишӣ ва солимгардонӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб афзун гардида истодаанд. Ин раванд ба натиҷаҳои варзишӣ низ таъсири мусбат мерасонанд. Барои мисол, агар дар замони то Истиқлолият натиҷаҳои варзишгарони шаҳри Кӯлоб ангуштшумор буданд, вале дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон теъдоди варзишгарони касбӣ ва ҷоизадорони мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ ба беш аз 2000 нафар расидааст.
Дар охир, бори дигар ҳамаи сокинони сарбаланди шаҳри Кӯлобро ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон шодбош гуфта, ба ҳар кадоми Шумо саломативу комёбӣ ва рӯзгори нек таманно менамоем.
Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон муборак бошад!
10.08.2023, шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP