25- июли соли равон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, Вазири кишоварзии мамлакат - Ҳакимзода Қурбон ва раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло бо сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.
Меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба соҳаи кишоварзӣ ва бехатарии озуқаворӣ истиқбол намуданд.
Мақсади сафари шахсони масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносоӣ ба соҳаи кишоварзии Кӯлоб, аз ҷумла иҷроиши кишти зироатҳои такрорӣ, нашъунамою обёрии заминҳои пахта, вазъи нуқтаҳои барқии таъминоти оби полезӣ ва амнияти озуқавории шаҳри Кӯлоб буд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар нимсолаи якуми соли 2023 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ва 332,9 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,4 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 106,9 фоизро ташкил дод.
Кишоварзони шаҳри Кӯлоб дар ин давра, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 10 ҳазору 646 гектар кишти асосии зироатҳои кишоварзиро гузарониданд.
Мувофиқи ҳисоботҳо ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ ҳамагӣ 2595 га кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки ба 88 фоизи нақша баробар аст. Кишти зироатҳо идома дорад.
Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ чорвои калони шохдор, модагов, саршумори моли майда, парранда ва асп нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардида, истеҳсоли маҳсулотҳои соҳаи чорводорӣ, аз ҷумла гӯшт, шир, моҳӣ ва пашм низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфт.
Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб картошка, сабзавот, зироати хӯроки чорво ва меваҷот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд истеҳсол гардидааст, вале инро бояд фаромӯш накунем, ки кишти такрорӣ асоси амнияти озуқаворӣ маҳсуб меёбад ва барои арзон шудани бозори истеъмолӣ бояд заминҳоро самаранок истифода бурда, аз як замин чанд ҳосил рӯёнем.
Меҳмонон ба вазъияти кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ шинос шуда, баҳри мусоидат кардан ба мушкилоти соҳа ва мусоидат намудан ба дигар мушкилоти мавҷуда дастуру супоришҳо доданд.
“Навиди Кӯлоб”
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP