Табрикоти раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик
Муҳтарам рӯзноманигорон ва кормандони соҳаи матбуот!
Тавре огаҳӣ дорем, 11 март ҳамчун Рӯзи таъсисёбии нахустин рӯзномаи тоҷикии "Бухорои Шариф" дар кишварамон таҷлил мегардад.
Рӯзномаи «Бухорои Шариф», ки аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ манфиатҳои миллати тоҷикро ҳимоя мекард, баъд аз нашри 153 шумора аз ҷониби бадхоҳони миллат баста шуд. Аммо он ҳамчун марҳилаи пайдоиши нашрияи миллӣ ба идома ва рушди соҳаи матбуот заминаи боэътимод гузошт. Минбаъд, дар оғози бунёди матбуоти миллӣ шахсиятҳои ватандӯсти миллат чун Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ ва Мирзо Турсунзода хизматҳои шоён кардаанд.
То замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи рӯзномаву телевизион ва радиоҳо ангуштшумор буданд.
Имрӯз танҳо дар шаҳри Кӯлоб 2 нашрияи расмӣ, 1 нашрияи хусусӣ, 1 шабакаи телевизион, 1 радио, инчунин намояндагии беш аз 20 расонаи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ кору фаъолият намуда истодаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб қайд кардаанд: «Имрӯз матбуот ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳиму ҷудонопазири ҷомеаи озоду демократии мо буда, дар таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавқеъ ва дарёфти ҳақиқат имконияти васеъ муҳайё месозад».
Аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии мамлакат матбуот ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ нақши худро устувор карда, дар тарғиби ғояҳои нави давлатдорӣ нақши муассир гузошта истодааст. Зуҳури арзишҳои демократӣ ва дар ин замина баёни андешаи озод ба рушди матбуот таъсири мусбӣ расонид. Дар замони соҳибистиқлолӣ пайдо гаштани садҳо нашрия, радиову телевизион дар саросари кишвар гувоҳ аз гуфтаҳои болост. Васоити ахбори омма дастгоҳи пурқудрати идеологӣ мебошанд. Ин дастгоҳ бо қудрату тавони худ ҳазорон мушкилоти ҷомеаро ҳаллу фасл карда, манфиатҳои миллатро дар мушкилтарин вартаҳо ҳифз менамояд.
Набояд фаромуш созем, ки дар шароити зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бархурди манфиатҳо дар арсаи олам майдони ҷангҳои иттилоотӣ рӯз аз рӯз васеъ гашта истодаанд. Дар ин майдон пеш аз ҳама бо нангу номуси ватандорӣ, маҳорату малакаи баланди касбӣ ва фаврият метавон ғолиб омад.
Барои ин рӯзноманигорони тоҷик ва аҳли ҷомеа аз тамоми имкониятҳои қонунӣ бархурдоранд. Аз ҷумла, дар моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: "Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад". Зимнан, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ як идда амру фармонҳо, аз ҷумла Амри Президенти Тоҷикистон “Дар бораи нишастҳои матбуотӣ”, Фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидиву таҳлилӣ» ба имзо расиданд ва имконияту мавқеи рӯзноманигоронро дар ҷомеа хеле устувор намуданд.
Бо ифтихор метавон гуфт, ки нақши қаламкашони шаҳри Кӯлоб дар рушди васоити ахбори оммаи тоҷик басо калон аст. Имрӯз кори пуршарафи устодон Ҳақназар Ғоиб, Рустам Одинаев, Сафаралӣ Бозорзода, Саёфи Мизроб, Шоҳона Одиназода, Маҳбуба Камолова, Рухсора Нурова, Ҷумъахон Алимӣ, Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ, Раҳматалӣ Назрӣ, Аҳмади Иброҳим, Темуршоҳи Файзалӣ, Каримхон Амроқулов, Назирмад Сафарзода, Ширинҷон Сафарзода, Дилшод Назирмадов, Худоёри Валӣ, Неъматуллои Худойбахш, инчунин, рӯзноманигорони шодравон Искандари Хатлонӣ, Мисралӣ Сониев, Турко Дикаев, Наср Бобо, Аслиддин Достиев ва боз чандин нафари дигарро ҳамчун намунаи ибрат метавон унвон кард.
"Журналистӣ бо чароғи дил ҷаҳонро дидан аст", мегӯянд. Итминони комил дорем, ки журналистон ин рисолати азалиро сармашқи кор намуда, бо қалами созандаи хеш ба халқу Ватан ва мардуми диёр содиқона хизмат хоҳанд кард.
Рӯзи матбуоти тоҷикро ба кулли рӯзноманигорон, кормандони воситаҳои ахбори оммаи минтақа ва ҷумҳурӣ самимона табрику муборакбод гуфта, ба шумо комёбиҳои нав ба нави эҷодӣ, рӯзгори неку осуда ва бахту иқболи баланд орзу менамоям.
Рӯзи матбуоти тоҷик муборак бошад қаламкашони гиромӣ!
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP