ЗАН-ОФАРАНДАИ ҲАЁТ
Имрӯз, 7 марти соли 2023 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар толори Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳим бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии идона баргузор гардид.
Дар чорабинии идона раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, бонувони собиқадор, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, фаъолон, масъулину кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, кормандони васоити ахбори омма, собиқадорону фаъолони соҳаҳои гуногун ва ҳамчунин дигар сокинони касбу кори гуногун иштироки фаъол доштанд.
Чорабинии идона бо роҳпаймоии зиёда аз 5 ҳазор нафар, фаъолону собиқадорон ва кормандони касбу кори гуногун бо шиору овезаҳои нақши Зан Модар аз майдони марказӣ то Қасри Фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб идома ёфт.
Дар ҳамин рӯз роҳбарият ва бонувони собиқадор, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, фаъолон ба хотири эҳтиром ва бузургии зан Модар дар назди Муҷассамаи “Дуои Модар” гулгузорӣ намуданд.
Сипас, чорабинии идона дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб идома ёфт. Баъди истиқболи гарму самимӣ иштирокчиёни чорабинӣ аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастоварҳои ташкилоту муассисаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб боздид намуданд.
Ҳамоиши тантанавӣ бо сухани табрикотии раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр оғоз гардида, тамоми бонувони шаҳри бостонии Кӯлобро ба муносибати 8-март, ки ҳамасола дар кишварамон бо тантана таҷлил карда мешавад табрику муборакбод намуд.
Зимни суханронӣ изҳор гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд: «Мо бояд як нуқтаи муҳимро ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳама сиёсатмадарону донишмандон ва бузургони олам, аз он ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд».
Ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат аст ва ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд, ҳама қаҳрамониву мардонагӣ самараи меҳнати шабонарӯзии модарон мебошад.
Ҷойи дигар Ҷаноби Олӣ мегӯянд: «Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромуш намекунем ва ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андуҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост. Тарбияи ибтидоӣ ки марҳилае аз ҳама муҳими умри инсонӣ мебошад, маҳз ба заҳмати модар ва муҳаббати ӯ вобаста аст».
Бо назардошти ҳамин мартаба ва манзалати занону модарон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози соҳибистиқлолии кишвар вобаста ба таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо тамоми тадбирҳоро андешида, кушиш бар он дорад, ки тавонанд рисолати худро ташаккул диҳанд ва дар раванди демократикунонии ҷомеаи навин, корҳои ободонӣ ва бунёдкориву созандагӣ нақши мондагор дошта бошанд.- қайд намуд раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ Шоираи Ваҳдатсаро Хосият Вализода, собиқадорони меҳнат Ҳақназарзода Зулайхо ва Аслбӣ Шарифова оид ба нақши Зан дар замони соҳибистиқлолият ва бузургии Модар ёдоварӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки баргузор намудани чунин чорабиниҳои тантанавӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса аз таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба занон гувоҳӣ медиҳад, зеро занону бонувон нерӯи бузургу созанда буда, дар ободии кишвар хусусан дар тарбияи насли наврас нақши пурарзиш доранд.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор бонувони фаъоли шаҳри Кӯлоб, собиқадорони меҳнат Ифтихорномаю Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии раиси шаҳри Кӯлоб тақдим карда шуд.
Дар охир, барномаи омоданамудаи ҳунармандони бахши фарҳанги вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, ки дар васфи Зан Модар бахшида буд пешниҳоди ҳозирин гардониданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP