Ҳамдиёрони азиз,
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Шуморо ба фарорасии Иди Сада самимона табрику муборакбод намуда, ба Шумо саломатӣ, рӯзгори осуда ва ба Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол суботу осоиштагии пойдорро таманно менамояд.
Сада ҷашни ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дар радифи дигар суннату оинҳои бостонии миллати тоҷик бар пояи ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё шудааст. Тавре Пешвои муаззами миллат қайд намудаанд: “Сада дар баробари ҷашнҳои воқеан мардумии Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз ойинҳои куҳантарини мардумони ориёитабор, аз ҷумла мо – тоҷикон буда, баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид”.
Аз рӯи таърихи пайдоиш Сада рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил гардида, мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози санаи 31-уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун оини бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешавад. Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Яъне, иди Садаро метавон муждае аз фасли баҳор ва гармиву рушноӣ ном бурд. Мардум дар шаби Сада гулханҳои бузург афрохта шодиву хурсандӣ менамоянд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонад.
Мо мардуми шарафманди Кӯлобшаҳри бостонӣ дар қатори дигар сокинони сарбаланди кишвар, ки асолатан ба некиву покӣ ва гармиву рушноӣ майл дорем ҷашни Садаро бо хушиву хурсанди истиқбол мегирем.
Дар охир бори дигар таманнои онро менамоем, ки бигзор бо фарорасии ҷашни Сада файзу баракат дар заминҳои кишти марди деҳқон ва хонадони ҳар яки Шумо зиёда гардида, саломативу сарбаландӣ насибатон бошад.
Ҷашни миллии Сада муборак ҳамдиёрони азиз!
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP