09.01.2023

Боиси сафарозист, ки ҳамасола 10 январ ҳамчун рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварамон қайд карда мешавад.

Ин навбат санаи 9 январи соли 2023  дар толори маҷлисгоҳи шӯъбаи Агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бахшида ба 16-солагии таъсисёбии рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.

Дар ҷамъомади мазкур раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, Сардори шӯъбаи Агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб Гулмаҳмадзода Ҷамшед, мудири шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи раиси вилоят Содиқ Аминҷонов,  Неъматзода Рустам, мудири қабулгоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб,  кормандони шӯъбаи Агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Ҷамъомади мазкур бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Сипас  сардори шӯъбаи Агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб Гулмаҳмадзода Ҷамшед меҳмононро хайрамақдам хонда тамоми кормандони мақомоти корупсияро ба ин муносибат табрик намуд.

Дар идома намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  Содиқ Аминҷонов   табрикоти раиси вилояти Хатлонро ба саҳми ҳозирин расонид.

Зимни ҷамъомад раиси шаҳри Кӯлоб бо сухани табрикоти баромад карда қайд намуд,  ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори худро дар самти мубориза бо коррупсия гузошта, тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст.Ҳамчунин бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 мақомоти махсусгардонидашуда – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумхурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Ҳамчунин яке аз кормандони шӯъбаи Агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб баромад намуда миннатдории кулли кормандони мақомотро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ иброз намуд.

Дар охир ба як қатор фаъолони кормандони шӯъбаи Агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб барои саҳми арзанда гузоштан дар рушду нумӯи ҷомеа Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравиии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP