Табрикотии Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бахшида ба рӯзи кормандони соҳаи молия.
Муҳтарам кормандони соҳаи молия!
Дар оғоз кулли кормандони соҳаи молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо фарорасии иди касбӣ — Рӯзи кормандони мақомоти молия табрику таҳният гуфта, барояшон пеш ҳама тани сиҳат, саломатии бардавом, хотири ҷамъ ва дар иҷрои вазифаҳои ба зиммадоштаашон комёбиҳо таманно дорам.
Ҳамасола санаи 7-уми декабр дар кишварамон -Рӯзи кормандони мақомоти молия таҷлил карда мешавад.
Бояд гуфт, ки пешбурди сиёсати буҷету андоз, таҳияи буҷети давлатӣ, ҷараёни иҷроиши буҷет, назорати истифодаи маблағҳои буҷетӣ, маблағгузории саривақтӣ дар буҷет пешбинӣ шудаанд. Ҳамчунин, назорати фаъолияти молиявии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, хароҷоти босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи молиячиён дониста мешаванд.
Маҳз ба шарофати меҳнати бурдборонаи кормандони мақомоти молия нақшаи қисми даромади буҷети кишвар мунтазам таъмин карда мешавад ва бовар дорам, ки ин ҳамкорӣ минбаъд ҳам ривоҷ хоҳад ёфт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳои худ таъкид медоранд, ки: «Пешбурди оқилонаи сиёсати молиявӣ ва муътадили он дар ҳама давру замонҳо омили асосии устувории давлат мебошад».
Умедворам, ки дар пайрави аз сиёсати пешгирифтаву ҳидоятҳои хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони соҳаи молия бо фаъолияти самарабахшу таҷрибаи дар инҷода андухтаашон дар ғанисозии буҷети давлат ба васила дар рушду тарақиёти тамоми соҳаҳои кишвар ва фароҳам овардани зиндагии шоистаи мардум кору фаъолият хоҳанд намуд.
Маврид ба ёдоварист, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои рушди иқтисодиёт, болоравии соҳаҳои иқтисодиву фарҳангӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ тадбирҳои зиёдро амалӣ мекунад ва ҷиҳати амалӣ гардонидани онҳо кормандони мақомоти молия нақши калидӣ доранд.
Аз ин рӯ, бори дигар Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва тамоми кормандони мақомоти молия ва собиқадорони соҳаро ба иди касбиашон табрику таҳният намуда, тансиҳативу хотирҷамъӣ, сарбаландӣ ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияташон дастовардҳои меҳнатиро таманно дорем.
Рӯзи кормандони мақомоти молия муборак дустони азиз!
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP