Бо мақсади омодагии дасатаҳои Лигаи Олӣ ба мавсими нави футбол дар шаҳри Кӯлоб вохӯрии раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр ва директори дастаи “Равшан”-и Кӯлоб Ғайраталӣ Мираҳмадов бо масъулини Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноиби Президенти федератсия Алишер Урунов, директори Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоҳқурбонов ва ҳамзамон сардори раёсати иншоотҳои варзишии ФФТ Раҳмон Муртазоев  баргузор шуд.

Дар ин вохӯрӣ ҳамзамон муовини раиси шаҳри Кӯлоб оид ба соҳаи маънавиёт, ҷавонон ва варзиш Орзу Ҳамидиён ва директори МД Мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб Баҳром Рустамов иштирок намуданд.

Нахуст бо истифода аз фурсати муносиб ноиби Президенти федератсия Алишер Урунов раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ва сарпарасти генералии даста ҶДММ “Ҳоҷӣ Шариф”-ро барои ишғоли мақоми 2-юми “Равшан”-и Кӯлоб дар Чемптонати Тоҷикистон табрику шодбош гуфтанд.   

Ҳамзамон иттилоъ доданд, ки дастаи “Равшан” яке аз роҳхатҳои Ҷоми КФО-ро дар соли 2023 ба даст оварда дар оғози мавсим барои “Шоҳҷоми Тоҷикистон-2023” бо дастаи “Истиқлол”-и Душанбе майдондорӣ менамояд.

Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр якҷо бо масъулини ФФТ масъалаҳои рушди васеъи футбол дар ин шаҳри бостонӣ, ҳамзамон футболи кӯдакону наврасон, бонувон, футболи толорӣ, омодагии варзишгоҳи марказӣ ба мавсими нав ва қабули бозиҳои Осиёиро дар шаҳри Кӯлоб мавриди баррасӣ қарор доданд.

 Аз ҷониби масъулини ФФТ изҳор гардид, ки таи ду соли охир дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар Чемпионати Тоҷикистон бидуни ягон камбудӣ молиявӣ ва дигар мушкилиҳо бозиҳои худро баргузор намуданд ва дар натиҷа даста тавонист, ки яке аз мақомҳои ифтихориро соҳиб гардад.

Ҳамзамон дар рафти суҳбат директори Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоҳқурбонов оид ба ҳуҷҷатгузории даста барои ҷоми КФО, омодагии чаманзори варзишгоҳи Кӯлоб барои мавсими нав ва иҷрои талаботҳои комисияи шаҳодатномакунонӣ фикру андешаҳои худро иброз намуда омодагии худро барои мусоидат ба қабули бозиҳои Осиёӣ дар шаҳри Кӯлоб иброз доштанд.

Дар анҷоми суҳбат раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи Клуби футболи “Равшан”-и Кӯлоб дар мавсими нав барои бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ, иштироки фаъолонаи даста дар Ҷоми КФО ва дастгирии дастаҳои наврасону бонувон якҷо бо сарпарасти генералии даста ҶДММ “Ҳоҷӣ Шариф” изҳори андеша намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP