Имрӯз,  23-юми ноябри соли 2022 бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар толори Қасри фарҳанги ба номи  Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона доир гардид.

Дар чорабинии идона роҳбарият, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, масъулину кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, кормандони ВАО-и кишвар, собиқадорону фаъолони соҳаҳои гуногун ва ҳамчунин дигар сокинони касбу кори гуногун иштироки фаъол доштанд.

 Сипас, меҳмонону иштирокчиён бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар назди пояи Парчами давлатӣ гулчанбар гузоштанд.

316295476 694177672048328 5931261644063549293 n

         Дар идома чорабинии идона бо роҳпаймоии зиёда аз 5 ҳазор нафар фаъолону собиқадорони меҳнат ва кормандони касбу кори гуногун бо шиору овезаҳои нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва қабули Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз майдони марказӣ то Қасри Фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб идома ёфт.

Дар ҳамин рӯз дар толори дар толори Қасри фарҳанги ба номи Рустам Абдураҳимови шаҳри Кӯлоб маросими расмии бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ доир гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Сипас бо сухани табрикоти  роҳбарияти шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баромад намуда тамоми сокинони Кӯлобшаҳри бостониро ба ин муносибати Рӯзи Парчами давалатӣ табрик намуд.

Қайд гардид, ки Парчам яке аз рамзҳои асосии истиқлолияти давлат мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳтади миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки «Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлату миллат бо рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва пули миллӣ шинохта мешавад, яъне ин нишонаҳо муаррифкунандаи кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмиллалӣ  мебошанд».

316171233 694269612039134 7725812213088496021 n

Парчами давлатӣ муарифгари тоҷикон дар арсаи байналмиллалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад. Парчами давлати соҳибихтиёри мо нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки ба ин рамзи муқадаси миллӣ  арҷ гузорад. Воқеан Парчами давлатӣ омили муайянкунандаи ҳувияти миллӣ ва тақвият пайдо кардани ҳисси милливу ифтихори ватандорӣ дар шуури ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.

Баъдан, муовини раиси Суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Назрӣ Муҳаммадвалӣ суханронӣ намуда, афзуд, ки имрӯз Парчами давлатӣ на танҳо муаррифгари Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, балки дар айни замон нишонаи сарҷамъӣ ва ваҳдату ягонагии миллат   ба ҳисоб меравад. Имрӯз парчами давлатӣ ҳамаи моро дар майдони корзори ватансозӣ муттаҳид намуда, ҳисси худогоҳии моро бедор кардааст.

         Сипас, барномаи театрикунонидашудаи аҳли фарҳангу санъати вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб ки ифодагари ватандӯстиву хештаншиносӣ ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фарогир буд, пешниҳоди аҳли толор карда шуд .

 

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP