Ёдовар мешавем, ки санаи 13 декабри соли 2024 аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар робита ба иҷрои банди 29-и Нақшаи чорабиниҳо дар бораи амалисозии “Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020, №570) дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” Озмуни “Ҳунарманди сол”–ро ҷамъбаст намуд.
Дар озмун ғолибони Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон “Ҳунар беҳтар аз зар бувад” ва Озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунар омӯз...” аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯйи 7 номинатсия: “Маҳсулоти бофандагӣ ва либос”, “Коркарди чӯб ва маснуоти чубӣ”, “Маҳсулоти минералии ғайриметаллӣ”, “Коркарди металл ва маснуоти тайёри филизӣ”, “Созҳои мусиқӣ”, “Санъати нафиса”, “Ҳунарҳои соҳаи кишоварзӣ” намунаи ҳунарҳои худро ба аъзои ҳакамон пешниҳод намуданд.
Мақсади баргузории озмун рушди фаъолияти ҳунармандӣ, ҳифз ва нигаҳдории мероси ғайримоддии фарҳангӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ ва ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадами ҳунармандони варзида, муаррифии намудҳои гуногуни маҳсулоти ҳунармандӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии ҳунармандон мебошад.
Дар маросими ҷоизасупории озмуни мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода, роҳбарияти вазорату идораҳо иштирок намуданд.
Ҳамзамон дар чорабинии мазкур масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ширкат намуда, аз рӯи номинатсияи “Маҳсулоти бофандагӣ ва либос” сазовори ҷойи 1-ум ва аз рӯи номинатсияи “Коркарди металл ва маснуоти тайёри филизӣ” сазовори ҷойи 2-юм гардиданд.
Ин музаффариятро ба тамоми мардуми шарифи шаҳри Кӯлоб муборак мегӯем.
Ғолибони озмуни “Ҳунарманди сол” бо ҷоиза, диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Дар партави сиёсати созандаву ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати боз ҳам тозаву озода нигоҳ доштани хиёбон, кӯчаву маҳаллаҳо, деҳаҳо ва назди ташкилоту муассисаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром идома дорад.
Тибқи дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва амалӣ гардонидани нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, имрӯз бо ҷалби тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, корхонаҳои коммуналӣ ва дигарон дар назди ташкилоту муассисаҳо, хиёбон, кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр ва деҳаҳои он ҷиҳати ободу зебо гардонидани муҳити зист, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, гулгашту майдонҳо, шинонидани гулу гулбуттаҳо, дарахтони сояафкан ва ҳамешасабз аксияи тозагӣ таҳти унвони “Саҳми ман дар шаҳри ман” доир гардид. Бояд гуфт, ки аз ҳисоби шумораи зиёди кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб дар аксияи тозагӣ саҳмгузорӣ карда шуданд.
Чунин ҳашарҳои дастаҷамъона ҳар ҳафта бо мусоид будани боду ҳаво доир мегардад.
Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Санаи 13 декабри соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, иҷлосияи 23-юми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовини раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбонзода Амирхон, муовини якум ва муовинони раиси шаҳри Кӯлоб, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, масъулони муассисаҳои таълимию тиббии шаҳр, намояндагони васоити ахбори омма ва ҳамчунин вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб иштирок доштанд.
Иҷлосия мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб даъват карда шуда, таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр сурат гирифт.
Пас аз интихоби котибот ҳайати таҳрирӣ ва тартиби кори иҷлосия, вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки дар он масъалаҳои зерин:
1. Ҳисоботи раиси шаҳри Кӯлоб, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр;
2. Дар бораи иҷрои буҷети маҳаллии шаҳри Кӯлоб дар соли 2023 ва қабули буҷети маҳаллӣ барои соли 2025;
3. Дар бораи тасдиқи нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои соли 2025;
4. Дар бораи муқаррар намудани миқдори ҳавзаҳои интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб;
5. Дар бораи таъсиси комиссияи шаҳрии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб;
6. Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар шаҳри Кӯлоб;
7. Оид ба тасдиқи нақшаи даромади андози иҷтимоӣ барои соли 2025;
8. Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси шаҳри Кӯлоб;
9. Оид ба Соли рушди китобхонаҳо ва китобдорӣ;
10. Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакилии вакил аз ҳавзаи интихоботии N34.
Дар оғоз раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, раиси шаҳр муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр бо ҳисоботи муфассал назди Вакилони Маҷлиси вакилони халқ баромад намуда, изҳор дошт, ки баъди рӯзҳои башумор соли 2024 ба поён расида, Соли нави мелодии 2025-ро ҳамагон бо умеду орзуҳои нек ҳамчун соли марҳилаи нави созандагиву бунёдкории Ватани азизамон ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии худ истиқбол хоҳем гирифт.
Дар арафаи Соли нав таҳлили фаъолияти корӣ, натиҷагирӣ кардан аз дастовардҳои соли сипаришуда ва таҳияи дурнамои фаъолияти минбаъда, ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта муҳим мебошад.
Ҳамагон огоҳ ҳастем, ки соли равон барои мардуми тоҷик аз ҳар ҷиҳат бобарор буд. Зеро дар ин сол рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ кам набуданд.
Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки аҳли заҳмати кишвар ҷиҳати рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёту иҷтимоиёт таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин сол қадами устувор ба пеш гузоштанд ва баҳри таъмини ояндаи дурахшон таҳкурсии зиндагиро устувортар намуданд. Дастгирӣ ёфтани пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ва Президенти Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфтани футбол аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, қабули Қатъномаи Ассамблеяи Генералии ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ дар хусуси ҳамасола рӯзи 25 май ҷашн гирифтани Рӯзи ҷаҳонии Футбол шашумин ташаббуси дунёии Тоҷикистон буд, ки маҳз ҳамин сол амалӣ гардид ва ин рӯйдод боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист.
Таъкид карда шуд, ки соли 2024 барои аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб низ соли таърихӣ ва бобарор буд. Боиси сарфарозии мардуми шаҳру деҳоти Кӯлоб аст, ки бо дастгирии бевоситаи муҳтарам Пешвои миллат барои ҳалли масъалаҳои ҷойдошта, як қатор чораҳои судманду нишонрас амалӣ карда шуданд.
Зимнан иттилоъ дода шуд, ки
мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои раиси вилояти Хатлонро ба роҳбарӣ гирифта, бо мақсади таъмини рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии шаҳру деҳот корҳои муайянро ба анҷом расонид.
Зимни суханронии худ раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр қайд кард, ки дар ин давра 3 иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб 20, 21, 22-юм даъвати шашум доир гардида, масъалаҳои муҳими нақшавӣ баррасӣ гардиданд.
Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда бо дастгирии Шумо вакилони муҳтарам қарорҳои дахлдор ба тасвиб расиданд ва зери назорати масъулин, аз ҷумла комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқ ва шуъбаҳои марбутаи дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мебошанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам кори хуби Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр «Оид ба маориф, тандурустӣ, фарҳанг, илм, варзиш, сиёсати ҷавонон ва оила» -ро қайд намоям.
Дар зарфи 11 моҳ аз ҷониби Раиси шаҳр 862 қарор ва 218 амрҳо қабул карда шуда, санадҳои номбурда барои ҳалли масоили ҷойдошта ва рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳру деҳоти Кӯлоб ба тасвиб расиданд.
Ба замми ин, дар Маҷлисҳои кории назди раиси шаҳр 18 масъалаҳои нақшавӣ оид ба соҳаҳои иқтисод, тандурустӣ, маориф, занон, ҷавонон, таъмиру барқароркунии роҳҳои автомобилгард, кишоварзӣ, саноат, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, сохтмон, фаъолияти бозорҳои шаҳр, танзими ҳаракати нақлиёт, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, таъмини аҳолӣ бо барқ, соҳаи коммуналӣ, ҷамъоварии ҳосили пахта, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, протоколҳои ҷаласаҳо тартиб ва баҳри сари вақт таъмин намудани супоришҳо масъулин чораҳои заруриро амалӣ намуданд.
Инчунин Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025 бо дастгирии муҳтарам Пешвои миллат ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, №389 тасдиқ шудааст. Барнома 225 лоиҳаро ба маблағи 7 млрд.12 миллион сомонӣ дар бар гирифта, ба ҳолати 1 декабри соли 2024 аз 225 лоиҳа 62 лоиҳа ба маблағи 463,3 млн. сомонӣ иҷро гардида, дар 58 лоиҳаҳо корҳо идома доранд ва ба маблағи 1 млрд 158,5 млн. сомонӣ корҳо иҷро гардиданд.
Барои ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти шаҳр, санаи 22 ноябри соли ҷорӣ Форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар мавзуи “Дурнамои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он 40 намояндагони Шарикони рушд, ташкилотҳои байналмилалӣ ва корпуси дипломатӣ иштирок намуданд.
Натиҷаи Форуми мазкур ба имзо расонидани 4 шартномаҳо барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ, корхонаи трансформаторбарорӣ ва таҷҳизотҳои барқӣ, истеҳсоли маводи зиддиях (антифриз) ва ташкили маркази логистикии байналмилалӣ мебошад. Боварӣ аст, ки бо амалишавии шартномаҳо корхонаҳои нав бунёд гардида, ҷойҳои корӣ таъсис меёбанд ва онҳо ба баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб мусоидат менамояд.
Дар зарфи 11 моҳ нақшаи андозҳо 105,7 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 144 миллиону 87 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд.
Барои кам намудани бақияпулиҳои андоз чораҳои дахлдор амалӣ гардида, дар натиҷа бақияпулиҳои андоз ба 1 декабри соли 2024 -13,2 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали сол 1 миллиону 41 ҳазор сомонӣ кам мебошад.
Дар 11 моҳи соли равон нақшаи андози иҷтимоӣ 103 фоиз иҷро гардида, Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр индексатсия (зиёд) намудани андозаи нафақахӯрон пурра амалӣ намуда, ба 21 ҳазору 185 нафар нафақагирон нафақапулӣ пурра пардохт кард. Андозаи миёнаи нафақа 505,4 сомониро ташкил дод.
Қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба маблағи 240,7 млн. сомонӣ ё 115,7 фоиз иҷро гардида, қисми хароҷоти буҷет ба маблағи 238,1 миллион сомонӣ ё 98,9 фоиз таъмин гардида, соҳаҳои буҷети маблағгузорӣ карда шуда, аз маблағҳои умумии қисми хароҷотии буҷет 86,3 фоизи он ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ равона карда шуд.
Изҳор дошт, ки бо дастгирии бевоситаи муҳтарам Пешвои миллат дар шаҳр барои беҳтар намудани таъмини аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо бо барқ лоиҳаи «Кам кардани талафоти нерӯи барқ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар» амалӣ шуда истода, баъди татбиқи он талафоти нерӯи барқ кам гардида, ҷамъоварии маблағи истифодаи нерӯи барқ зиёд хоҳад шуд. Корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.
Бо қаноатмандӣ таъкид доштанд, ки соҳибкори маҳаллӣ тасмим гирифтааст, ки 12 км роҳи автомобилгарди байни деҳотро мумфарш намояд. Корҳо дар ин самт оғоз гардиданд.
Ҳамчунин, бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, аз ҷумла раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб роҳи таворавӣ аз даромадгоҳи шаҳр то роҳи самти Кӯлоб - Хоруғ барои кам ворид гардидани автомашинаҳои боркаш ба дохили шаҳр сохта мешавад. Айни замон таҳияи лоиҳаи сохтмони роҳ ба дарозии 10,8 км идома дорад.
Сохтмони пул дар сойи Тебалай оғоз ёфт ва он барои ҳаркати мунтазам ва бехатарии нақлиёт мусоидат хоҳад намуд.
Барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард 18 аломати роҳ насб карда шуд.
Дар ин давра, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 987,2 миллион сомонӣ баробар шуд, ки назар ба соли гузашта 53,6 миллион сомонӣ зиёд буда, 105,7 фоизро ташкил дод.
Барои нигоҳдории маҳсулотҳои кишоварзӣ дар шаҳри Кӯлоб сардхона бо нигоҳдории 1200 тонна маҳсулоти аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ сохта ба истифода дода шуда, айни замон дар он 150 тонна сабзавот захира гардида, ин кор идома дорад.
Аз рӯи маълумотҳо ҳоло 2763 га майдони заминҳо шудгор карда шуда, кишти тирамоҳӣ ҳамагӣ дар майдони 1716 га ё 70 фоизи дурнамо, бахусус ғалладонагиҳо 1442 га, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ муҳим мебошад, гузаронида шуд. Кишти сабзавот 274 га ё 44,1 фоизи дурнамо, аз ҷумла пиёз 108 га ё 39,9 фоиз, картошка 14 га ё 14,2 фоизи дурнаморо ташкил додааст.
Бояд қайд намуд, ки баъди баррасии рафти иҷрои Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷҷаҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025 дар маҷлиси назди раиси шаҳр, бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимӣ бо 52 кабинетҳои фаннӣ таъмин шуданд, ки 157 фоизи Барномаро ташкил медиҳад.
Таъкид шуд, ки дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 50 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла қасри фарҳанг, китобхонаи марказӣ, 23 филиал-китобхона, 11 клуб, 8 хонаи фарҳангӣ, 3 мактаби мусиқии бачагона, мактаби бачагонаи рассомӣ, боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва Осорхонаи ҳунармандон ба аҳолӣ хизмати фарҳангӣ расонида истодаанд.
Дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ ва фарҳангӣ таҷлил намудани ҷашну санаҳои таърихӣ, аз ҷумла Иди Сада, Форуми байналмилалии сайёҳӣ, Иди байналмилалии Наврӯз-2024, Рӯзи ҷавонон, 33 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомоти хосса таҷлил карда шуда, аз ҷониби шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаҳои консертӣ омода ва пешкаши фаъолону иштироккунандагон гардонид.
Дар китобхонаҳои шаҳр 87238 нусха китоб мавҷуд буда, аз ин шумора 51476 нусха бо забони тоҷикӣ, 26092 нусха бо забони русӣ ва 9670 нусха дигар забонҳо ташкил медиҳанд. Бояд қайд намуд, ки бо маблағҳои буҷетӣ дар китобхонаи марказӣ ва китобхонаи Ҷамоати деҳоти Зиракӣ китобхонаҳои электронӣ кушода шуданд.
Соли равон аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаи фарҳанг дастгоҳҳои тақвияти овозу рӯшноӣ, 11 адад асбобҳои мусиқии миллӣ ба маблағи 222 ҳазор сомонӣ дар доираи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025 дастрас карда шуд. Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ осорхонаи ҳунарманди халқии Тоҷикистон Бобоҷон Азизов таъмир карда шуда, ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ китобҳои тозанашр барои китобхонаҳо харидорӣ гардид.
Ҳамзамон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр дар дигар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ аз ҷумла, саноат, иқтисод, занон ва оила, ҷавонон баромад намуданд. Изҳор доштанд, ки мақомоти иҷроияи ҳокиямияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар минбаъда низ баҳри татбиқ намудани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид корро дар тамоми самтҳо боз ҳам тақвият мебахшад.
Дар интиҳои суханронии раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бори дигар тамоми вакилони Маҷлиси вакилони халқ ва ҳузурдоштагонро ва дар шахсияти онҳо тамоми аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлобро бо фарорасии Соли нави мелодии 2025 табрику муборакбод намуда, ба ҳамагон сиҳатмандӣ, хонаи обод, сулҳу суббот, дастархони пурнозу неъмат, муваффақиятҳо дар корҳо ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу намуданд.
Дар идома, вакилон Ҳотам Раҷаби Асозода, Валиева Саъбагул, Одиназода Латофат баромад намуда, оиди фаъолияти вакилии худ ҳисобот манзур намуданд. Ҳамчунин, ҳисоботи раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёрро хуб арзёбӣ намуда,изҳор доштанд, ки бо ташаббус ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳру деҳоти Кӯлоб сол то сол рушд карда истодааст, ки ин далолат аз фаъъолияти пурсамари роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб гувоҳӣ медиҳад.
Дар идома сардори Раёсати молияи шаҳр Раҳимов Ҳабибулло "Дар бораи иҷрои маҳаллии шаҳри Кӯлоб дар соли 2023 ва қабули буҷети маҳаллӣ барои соли 2025" баромад намуда, вобаста ба ин қарорҳои дахлдор тасдиқ гардид.
Инчунин дар идома раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Исмоилзода Саймурод Бурҳон "Оид ба иқтисод, буҷет, молия, андоз, савдо ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ" баромад намуданд.
Инчунин, қарорҳои раиси шаҳри Кӯлоб ҷиҳати таъин ва озод намудан мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр дар пайравӣ аз иқдоми фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи Маҷлиси вакилони вилояти Хатлон бо пешниҳоди раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид соли 2025 "Соли фарҳанги китобхонӣ дар вилояти Хатлон" эълон гардид ва қарори дахлдор қабул карда шуд. Изҳор доштанд, ки ин иқдоми Маҷлиси вакилони халқи вилоятро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, баҳри иҷрои мақсадҳои ҳадафмандонаи он тамоми чораҳоро андешидаву амалӣ менамоем. Бо мақсади тақвияти қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр пешниҳод гардид, ки соли 2025 дар шаҳру деҳоти Кӯлоб "Соли рушди китобхонаҳо ва китобдорӣ" эълон карда шавад.
Ин иқдоми фарҳангдӯстона аз ҷониби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Инчунин, муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон зимни баромади худ ҳисоботи раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлобро дар сатҳи олӣ баҳогузорӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид шаҳри Кӯлоб бо роҳбарии Раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр ва мардуми сарбаланду муваффақ ба пешравиҳои назаррас дар тамоми соҳаҳо ноил гардида истодааст, ки ин метавонад дар рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеа мусоидат менамояд.
Дар хотима, як қатор вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо Ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Субҳи 10 декабр, дар доираи таҷлил аз 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои муаззаму хирадсолори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар маркази шаҳри Кӯлоб ярмарка-фурӯши маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ доир гардид, ки дар он аз ҷониби кишоварзони ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб, корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкорон маҳсулоти ниёзи аввал бо нархҳои арзон пешниҳоди харидорон гардонида шуд.
Зимни боздид, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва меҳмонон изҳор доштанд, ки боиси ифтихору сарфарозӣ мебошад, ки имрӯз аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ тамоми масъулияти худро ба он равона менамоянд то ҳадафҳои ҳизбро дар амал татбиқ намоянд. Яке аз инҳо пеш аз ҳама таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад, ки имрӯз зери роҳбарии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар сатҳи баланд иҷро гардида истодааст ва ин метавонад ба рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеа ва зиндагии шоистаи мардум мусоидат намояд.
Ҳамзамон зимни вохӯрӣ, масъулин аз дастгириҳои соҳибкорону кишоварзон баҳри таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ ва амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд. Инчунин изҳор доштанд, ки имрӯз Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар тамоми шароити мусоидро барои мо муҳайё намудаст ва танҳо вазифаи мо содиқонаву софдилона хизмат кардан ба халқу Ватан мебошад.
Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб