ПЕШГИРИИ ХУШУНАТ ВА ЗУРОВАРӢ ДАР БАЙНИ  ЗАНОН

Санаи 26-уми октябри соли 2021 дар меҳмонхонаи Роҳи  Абрешими шаҳри Кӯлоб семинар машварат баргузор гардид.

Дар семинар машварат намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  кор бо ҷавонони шаҳри Бохтар, кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Кӯлоб, бахши кор бо ҷавонон, бахши дин танзими анъана-и МИҲД-и шаҳри Кӯлоб, САҲШ-и шаҳри Кӯлоб, иштирок намуданд.

Сараввал, намояндаи кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалии шаҳри Кӯлоб семинарии мазкурро ифтитоҳ намуд. Сипас, Акобирова Ҷавоҳир  ва Раъно Ҷумаева доир ба Қатъномаи 1325,2122, 2242 Шӯрои амнияти СММ маълумоти муфассал доданд.

Семинари мазкур оид ба масъалаҳои  баробарии гендерии занон, баланд бардоштани маърифати занону ҷавондухтарон, пешгирии пошхӯрии оилаҳо, хушунат ва зуроварӣ дар оила, роҳ надодан ба табъизу хушунат, кирдорҳои ношоиста ва рафторҳои бадахлоқона дар оила ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ дар байни занон, пешгирии бемориҳои сироятии ВНМО ва дигар амалҳои номатлуб равона гардидаанд.

Дар охир, ба хотири ҷалби иштироккунандагон саволҳо пешниҳод гардида, ҷавобҳои муфид гардонида шуд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code