КӮЛОБ БА ЗАМИСТОНГУЗАРОНӢ ОМОДА АСТ

Санаи 20-уми октябри соли 2021 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи ситоди зимистонгузаронӣ бо иштироки муовини соҳавӣ раиси Ситоди замистонгузаронӣ Садирзода Б  ва аъзоён доир гардид.

Дар ҷаласа Садироб Б.  қайд намуд, ки бо мақсади  иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 3 майи соли 2021, №143 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022», қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 10 июни соли  2021, №463 ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ки аз 19 банд иборат мебошад, тасдиқ гардида, ба масъулини дахлдор ирсол гардидааст.

Барои таҳти назорати доимӣ қарор додани рафти иҷрои  нақшаи  чорабиниҳо, бо роҳбарии муовини соҳавии раиси шаҳр ситоди доимоамалкунанда, иборат аз 30 нафар  таъсис дода шудааст.

Сипас оид ба иҷрои нақшаи тасдиқшуда аз иштирокдорон пурсиш намуда, онҳоро вазифадор кард, ки  ҷиҳати иҷрои қарори раиси шаҳр аз 10 июни соли  2021, №463  чораҳои заруриро амалӣ намуда, ба ситоди шаҳрӣ то санаи 4 ҳар моҳ маълумот пешниҳод намоянд.

Тибқи маълумотҳо ба ҳолати 01 октябри соли равон барои зимистонгузаронии чорво 13 фермаи чорвои калон, 5 кашар ва 2 мурғхона таъмир ва омода карда шуда, 19,1 ҳазор  тонна  хӯроки дурушт ва 111,7 фоизи нақша ва 1110 тонна хӯроки ширадор 118 фоизи захира гардида, захираи хӯроки чорво идома дорад.

Раёсати ҷамъияти матлуботи шаҳр ҷиҳати  захираи маводи ғизоӣ, аз ҷумла картошка, пиёз, ғалладонагиҳо ва захираи ангишт  маблағи зарурӣ надошта, бинобар ин дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва раёсати “Тоҷикматлубот” барои зимистонгузаронӣ чораҳои заруриро бояд амалӣ намояд. Аз рӯи маълумотҳо ба 01 октябри соли равон дар бозорҳои шаҳр 250 тонна сабзавот, аз ҷумла пиёз 200 тонна, картошка 120 тонна, сабзи 45 тонна ва дигар сабзавотҳо захира шудааст. Ичунин дар нуқтаҳои савдо ва анборҳо 1011 тонна орд ва 156 тонна равғани растанӣ мавҷуд мебошад.

Барои таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар мавсими  тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои шаҳр  ба миқдори 239 м3   маводи зидди лағжиш захира шуда, иҷрои нақшаи пешбинишуда пурра таъмин гардид. Дар муассисаи мазкур 1200 литр сӯзишвории дизейлӣ ё 100%-и нақша захира гардида 8 адад автомашина, аз ҷумла 2 боркунаки фронталӣ, 2 автомошинаи ГАЗ 53, 2 автогрейдер, дулан ва атомошинаи  барфтозакунӣ махсус омодаи кор мебошанд.

Аз рӯи маълумотҳо муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ бо печҳои барқию аловӣ ва генераторҳои барқи таъмин буда, 11 буғхона дар муассисаҳои таълимӣ омода мебошанд. Айни замон дар муассисаҳои соҳаи маориф 1280 метри мукааб ҳезум ё 100 %-и нақша, 60 тонна ангишт ё 38%-и нақша ва сӯзишвории дизейли 530 литр ё 65%-и нақша, соҳаи тандурустӣ ҳезум 104 метри мукааб ё 75%-и нақша, ангишт 30 тонна ё 50%-и нақша ва сузишвории дизейлӣ 1 тонна ё 23%-и нақша мавҷуд мебошад.

Раёсати молияи шаҳр тибқи нақшаи тасдиқшуда барои харид ва захираи ангишт ба соҳаи маориф 85,2 ҳазор сомонӣ  ё 100 фоиз нақшав ва дар соҳаи тандурустӣ 30 ҳазор сомонӣ ё 50 фоиз  бояд ҷудо гардидааст.

Дар охир, Сармуҳарони “Кулябская правда”, “Навиди Кӯлоб” ва телевизионӣ Кӯлоб вазифадор гардиданд, ки оид ба рафти иҷрои  нақшаи тасдиқшуда  мунтазам маводҳоро чоп ва пахш намоянд.

Ситоди зимистонгузаронӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳру деҳоти Кӯлоб дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 тибқи нақшаи тасдиқгардида чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code