БОЗДИДИ САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ МАЛАЙЗИЯ АЗ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ “КӮЛОБ”

VISIT OF THE MALAYSIAN INVESTORS TO THE FREE ECONOMIC ZONE “KULOB”
Санаи 16 октябри соли ҷорӣ дар доираи форуми байналмиллалии Душанбе Инвест 2021 сармоягузорони Ҷумҳурии Малайзия Роҳбари шуъбаи технологияи кайҳонӣ Серба Динамик (SERBA DINAMIK) Муҳаммад Нуразмӣ бин Абос ва сармуҳосиби ин ширкат хонум Ҳазарияҳ Мондноҳ аз шаҳри Кӯлоб ва минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” боздид ба амал оварда, меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр Раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф, Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” Абдуллозода Мустафо Рустам ва роҳбарони дигар сохторҳои дахлдор истиқбол гирифтанд.
Дар ин раванд Раиси шаҳр меҳмононро бо вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб, имкониятҳои сармоягузорӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, инфрасохтори мавҷуда ва таърих ва тамаддуни шаҳр шинос намуда, вобаста ба масъалањои мубрами ҷойдошта маълумотҳои мушаххас пешниҳод карда шуд.
Сипас, боздиди меҳмонон аз Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” сурат гирифта, зимни он Роҳбари Маъмурияти минтақаи мазкур меҳмононро бо имкониятҳову шароитҳои мавҷуда шинос намуданд.
Дар ин раванд, иттилоъ дода шуд, ки айни замон корҳои сохтмонии бинои маъмурӣ, гузаргоҳи гумрукӣ, марҳилаи дуюми панҷарабандии ҳудуди минтақаи мазкур ва корхонаи санаотӣ оид ба истеҳсоли қисмҳои автомобилӣ (ҶДММ “Тоҷик Алмос”) оғоз гардида, бо маром идома дорад.
Дар доираи сафари мазкур як қатор масъалаҳои барои тарафайн муҳим, бахусус бунёди Маркази логистикӣ дар минтақаи озоди иқтисодии “Кўлоб” бо ҷалби сармояи ҷониби Малайзият ва истифодаи васеи имтиёзҳои мавҷуда мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуда, барои татбиқи амалии он ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.
Вобаста ба ин, тарафҳо барои тақвият ва густариши ҳамкориҳо дар самти ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок, бахусус маркази логистикӣ дар минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” бо ҷалби сармояи Малайзия ба мувофиқа расиданд.
Бо ин мақсад ба меҳмонон як қатор дархостҳои лоиҳавии сармоягузорӣ бо забони англисӣ вобаста ба бунёди корхонаҳои саноатӣ дар минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” пешниҳод гардид.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code