ТУҲФАИ  ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШАҲРИ КӮЛОБ

Дар доираи сафари кори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб ба Маркази ёрии таъҷилии шаҳр, ду адад нақлиёти махсуси ёрии таъҷилӣ, ки бо тамоми дастгоҳҳои замонавӣ муҷаҳҳаз мебошанд, тақдим карда шуд.

Нақлиётҳои тақдимшуда ҳамчун туҳфа аз тарафи  Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беморхонаи ёрии таъҷилии шаҳри Кӯлоб супорида шуда, баҳри мушкилоти соҳаи тандурустии шаҳр дар самти расонидани кӯмаки саривақтӣ ва интиқолӣ беморон мусоидаткунанда аст.

Гуфта шуд, ки нақлиёти соҳавӣ имконият дорад, ки беморони вазнинро низ аз як беморхона ба беморхонаи дигар интиқол диҳад, зеро дар дохили он, дастгоҳҳои зарурӣ барои нафасдиҳии сунъӣ, сабти барқӣ кори дил ва дигар таҷҳизотҳо васлу насб шудааст. Масъулини соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, иқдоми мазкур шоистаи таҳсин буда, он метавонад, ки сифати хизматрасонии тиббиро дар шаҳри Кӯлоб ба аҳолӣ боз ҳам беҳтару хубтар кунад.

Инчунин дар ин баробар ба Маркази вилоятии ташхисию табобатии шаҳри Кӯлоб низ аз ҷониби Роҳбари давлат як адад дастгоҳи тамаграфияи магнитию резанансӣ, дастгоҳи рентгении рақамӣ ва дастгоҳи ташхиси ултрасадо тақдим карда шуд. Ёдовар бояд шуд, ки дастрасӣ ба чунин дастгоҳҳои муосири тиббӣ имконият медиҳад, ки минбаъд ташхиси мураккаби бемориҳои гуногун дар дохили шаҳр гузаронида шавад. Зикр шуд, ки дастгоҳи тамаграфияи магнитию резанансӣ ягона дастгоҳ дар вилояти Хатлон маҳсуб меёбад. Ҳоло бошад Маркази вилоятии ташхисию табобатии шаҳри Кӯлоб бо дастгириҳои пайвастаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои дастгоҳ сабти барқии майнаи сар ва дигар таҷҳизотњои замонӣ муосирро дорост.

Масъулини беморхона барои кӯмак ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳорӣ сипос намуда, дастрасӣ ба чунин дастгоҳҳоро омили муҳими боварии сифати хизматрасонии тиббӣ дар шаҳри Кӯлоб маънидод намуданд.

ФАЙЗОВА ДИЛОРОМ- МУДИРИ БАХШИ МАТБУОТӢ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code