МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ҶАМОАТ ГУЗАРОНИДА ШУД

Санаи 13-уми октябри соли 2021 дар 4-ҷамоатҳои деҳоти Кӯлоб ҷаласаи Маҷлиси вакилони халқи ҷамоат баргузор карда шуд, ки дар рафти ҷаласаҳо муовинони раиси шаҳри Кӯлоб ширкат варзиданд.
Зимни баргузории ҷаласа дар ҷамоати деҳоти Зарбдор вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳудуди ҷамоат, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои тандурӯстӣ, кормандони хонаҳои фарҳанг, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, хоҷагиҳои кооперативӣ- истеҳсолӣ, имомхатибон ва дигар шахмони расмӣ иштирок доштанд.
Иҷлосияро раиси ҷамоати Зарбдор Алиев Ҷумахон оғоз намуд.
Мувофиқи рӯзномаи маҷлис масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд: 1) Дар бораи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар ҷамоат; 2) Ахбороти аъзои комиссияи ҷамоат оид ба соҳаи иҷтимоӣ, ободонӣ ва муҳити зист, 3) масъалаҳои ҷорӣ.
Дар рафти ҷаласа маърӯзачиён баромад намуда, вакилон масъалаҳоро бо тартиби муқарраршуда баррасӣ карда, қарорҳои даходор қабул карда намуданд.
Дар охир. муовинони раиси шаҳри Кӯлоб суханронӣ намуда, вобаста ба масъалаҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
БАХШИ МАТБУОТӢ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code