ТАБРИКОТИ Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф бахшида ба Рӯзи Фалак

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тамоми сокинони бомаърифату фарҳангпарвари шаҳри Кӯлобро ба фарорасии Рӯзи Фалак табрик менамояд.

Барои мо мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол, хусусан, сокинони шаҳри Кӯлоб мояи ифтифохор аст, ки бо эъҷози баланди ҳунар тули асрҳо дар рушди фарҳанги миллӣ ва умумиҷаҳонӣ саҳми арзанда гузошта истодаем.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханрониашон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатӣ бо сокинони шаҳри Кӯлоб иброз доштанд: “Ватани Чакан ва ватани Фалак шаҳри Кӯлоб аст”. Барои миллати тоҷик боиси ифтихор аст, ки Чакани мо ҷаҳони шуда, Фалак низ арзиши умумибашарӣ маҳсуб мешавад.
Фалак– жанри озод буда, дар шаҳри Кӯлоб ҳамеша дар ташаккулу такомул ва таҳаввулу инкишоф аст. Яке аз хусусиятҳои хоси Фалак бадоҳатан иҷро гардидани он буда, аз шахси фалаксаро оқиливу зиракӣ, сухандониву ҳозирҷавобӣ ва маҳорати баланди касбиро тақозо менамояд.
Ҷойи таъкиди аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурӣ, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯи жанри мусиқии Фалак пайваста ғамхориҳои зиёд зоҳир менамояд. Бо ташаббуси Пешвои миллат 16 ноябри соли 2001 ба ансамбли “Фалак” мақоми давлатӣ дода шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2007, ҳар сол 10-уми октябр ҳамчун Рӯзи Фалак ҷашн гирифта мешавад. Маҳз чунин ташаббусҳои созанда боис гашт, ки минбаъд Фалак аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун меъроси фарҳанги умумибашарӣ эътироф гардад.
Дар чунин рӯзҳои фараҳбахш бояд ёдовар шавем, ки мусиқии Фалак бо заҳмату кӯшишҳои як идда донандагону иҷрокунандагони санъати мардумӣ, аз ҷумла, шоир ва ҳофизи халқ Сайдалӣ Вализода, Одина Ҳошим, Гулчеҳра Содиқ, Давлатманд Хол, Муродмад Раҳим, Сафар Қодир, Умар Султон ва дигарон дар асри сипаригашта ва замони мо дар шаҳри Кӯлоб ва дигар минтақаҳо ривоҷу равнақ ёфт. Фалак ҳамчун падидаҳои марказии мусиқии тоҷикони кӯҳистон дорои беш аз 12 сабк мебошад, аз ҷумла фалаки даштӣ, фалаки равона, фалаки роғӣ, фалаки паррон, фалаки қаландарӣ, фалаки сафарӣ, фалаки ғарибӣ, бепарвофалак, фалаки мотамӣ, фалак-муноҷот, фалак- оҳ ва фалак-мадҳия.
Аз «Дувоздаҳмақом» баргирифта шудани Фалак нишонаи он аст, ки садҳо сол пеш аз дигар қавму миллатҳо тоҷикон ба пажуҳиши асрори кайҳон даст доштанд ва мусиқишиносони гузаштаи тоҷик «Дувоздаҳмақом»-ро бар 12 бурҷи фалак нисбат дода, дар аҳди бостон пайдоиши мусиқиро ба давр гаштану ба ҳам соидани афлок марбут медонистаанд. Андешае низ роиҷ аст, ки таронахонии фалакӣ бештар ҷанбаи эътирозӣ ва розу ниёз дорад ва дар он матолибе аз наъраву фиғони ғарибиву ҷудоӣ ҷойгир буда, он ба нолаҳои осмонӣ, ба афлок марбут мебошад. Воқеан, мавзӯи бисёре аз фалакхониҳо, ба гузаштаи ҳазорсолаи ахири миллати тоҷик бо тақозои замон шакли худро дигар карда, ба нолаву фиғон бар “фалаки каҷрафтор” табдил ёфтаанд. Ин ҳам таърихи миллати мост. Зеро бар асари тохтутозҳои аҷнабиён миллати тоҷик шаҳристонҳои худро аз даст дода, дар баланкӯҳҳо, дар пушти рӯдҳои пурталотуми касногузар паноҳ бурда, ба рӯзгори пурваҳшат нигоҳ накарда, асолати миллии худро нигоҳ доштанд. Дурӣ аз ватан, ҷудоӣ аз азизон, умед бар бозгашту боздидро тасаввур карда, фиғон аз ғурбат ва ҷудоӣ аз замини падарон кардаанд. Аммо чун имрӯзҳо миллати тоҷикро озодиву соҳибистиқлолӣ насиб гаштааст, мавзӯъҳои “Фалак” низ дигар танҳо ба мотаму нола ва ноумедиҳо маҳдуд намегарданд. Имрӯз фалаксароёни тоҷик, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб ба мавзӯъҳои сипосу шукрона аз ватану ватандорӣ, ишқу муҳаббат, самимияту садоқад ва бовариву умед ба ояндаи дурахшон рӯ овардаанд, ки шоистаи таҳсин аст.
Бигзор барои миллати тоҷик Фалаки як замон бевафову нобасомон ҳамеша чун имрӯз Фалаки вафодору босубот боқӣ монда, Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол таҳти сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар шоҳроҳи рушду ободӣ ва суботу оромӣ қадам гузорад.
Дар ростои чунин нияту таманниёти самимӣ бори дигар Рӯзи Фалакро ба кулли сокинони бофарҳанги шаҳри Кӯлоб табрику шодбош мегӯям!
Сарбаланду хонаобод бошед!
10 октябри соли 2021, шаҳри Кӯлоб.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code