ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ КӮДАКОН ДАР МАҲАЛЛАИ СОДИҚОВ

Дар давоми рӯз дар доираи сафари кории Пешвои муаззами миллат дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва меҳмонон дар маҳаллаи Содиқов муссисаи томактабии хусусӣ, ки аз ҷониби соҳибкор Даминов Некрӯз бунёд шудаааст, мавриди истифода қарор дода шуд.
Тибқи иттилои масъулон корҳои сохтмонӣ дар асоси нақшаи чорабинии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 оғоз гардида буд.
Боғчаи мазкур барои 50 тарбиятгиранда пешбинӣ шуда, айни замон ҳамаи таҷҳизотҳои лозима таъмин карда шуданд.
Дар бинои мазкур ҳаммом, ҳоҷатхона, ошхона барои тарбиятгирандагон ҷойгир буда, инчунин утоқҳои корӣ барои маъмурият бунёд шудааст.
Баъди ба истифода додан дар боғчаи мазкур 8 нафар мутахассисони соҳа бо кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code