ҶАВОНМАРДОНИ КӮЛОБРО БА ХИЗМАТИ ВАТАН ГУСЕЛ НАМУДАНД

Санаи 1-уми октябри соли 2021 дар комисарияти ҳарбии шаҳри Кӯлоб гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.
Дар чорабинии мазкур муовинони раиси шаҳри Кӯлоб Садирзода Баҳром, Ҳамидиён Орзу, собиқадори ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дигар шахсони расмӣ ба наваскарон роҳи сафед ва хизмати шоиста дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таманно намуданд.
Сараввал, Ҳамидиён Орзу-муовини раиси шаҳри Кӯлоб суханронӣ намуда, оид ба ҳифзи марзу буми кишвар ва ҳуввияти ватандориву хештаншиносӣ баромад намуд. Барои ҳамаи мо шарафи бузург аст, ки имрӯз Ватани азизи мо – Тоҷикистон дорои Артиши миллии пурқудрату тавоно буда, марзу буми кишварро фарзандони баору номусамон ҳимоят мекунанд.
Ба ин маънӣ собиқадорони ҷангу меҳнат низ иштирок ва баромад намуда, даъватшудагони ихтиёриро барои сафарбар гардиданашон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ табрик намуданд.
Дар охир, баҳри болидаруҳии ҳозирин аз ҷониби бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб суруду таронаҳои дилошуб пешкаши тамошобинон гардонида шуд.
Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code