БОЗДИДИ ДИРЕКТОРИ АССОТСИАТСИЯИ КЛАСТЕРҲО, ТЕХНОПАРКҲО ВА МИНТАҚАҲОИ МАХСУСИ ИҚТИСОДИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ АЗ ҲУДУДИ МОИ “КӮЛОБ”

Санаи 30 сентябри соли ҷорӣ бо мақсади аз наздик шинос шудан бо имкониятҳои сармоягузорӣ ва шароити мавқҷуда Роҳбари Ассотсиатсияи кластерҳо, технопаркҳо ва минтақаҳои махсуси иқтисодии Федератсияи Россия Шпиленко Андрей Викторович бо ҳайати кормандон ва намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав ва Барномаи Рушди Созмони Миллали Мутаҳид аз ҳудуди ҷойгиршавии минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” боздид ба амал оварданд.
Дар доираи сафари мазкур Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” Абдуллозода Мустафо Рустам бо ҳайати кормандон меҳмононро самимона пешвоз гирифтанд.
Зимни боздид аз ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” аз ҷониби Роҳбари маъмурият Абдуллозода Мустафо Рустам муаррифии лоиҳаҳои нақшаи генералии минтақаи мазкур, раванди панҷарабандии ҳудуди он, дидбонгоҳи гумрукӣ, бинои маъмурӣ, маркази рушди истеъдодҳои ҷавонон ва мусоидат дар содироти маҳсулотҳои сайёҳӣ тавассути минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ва корхонаи саноатӣ оид ба истеҳсоли қисмҳои автомобилӣ (ҶДММ “Тоҷик Алмос”) сурат гирифта, вобаста ба ҳар як лоиҳа маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Дар ин раванд, иттилоъ дода шуд, ки айни замон корҳои сохтмонии бинои маъмурӣ, гузаргоҳи гумрукӣ, марҳилаи дуюми панҷарабандии ҳудуди минтақаи мазкур ва корхонаи санаотӣ оид ба истеҳсоли қисмҳои автомобилӣ (ҶДММ “Тоҷик Алмос”) оғоз гардида, бо маром идома дорад.
Инчунин, дар доираи сафари мазкур вохурии судманди ҳайати кормандони Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кўлоб” бо ҳайати Ассотсиатсияи кластерҳо, технопаркҳо ва минтақаҳои махсуси иқтисодии Федератсияи Россия сурат гирифт, ки дар доираи он як қатор масъалаҳои барои тарафайн муҳим мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор додашуда, пешниҳодҳои баёнгардида, аз ҷониби коршиносони Ассотсиатсияи мазкур дастгирӣ ёфта, дар ин замина ба мутахассисони соҳа оид ба пешбурди фаъолияти корӣ тавсияҳои муфид пешниҳод дода шуд.
Ҳамзамон, дар доираи гуфтушунидҳо тарафҳо барои тақвият ва густариши ҳамкориҳо байни Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кўлоб” ва Ассотсиатсияи кластерҳо, технопаркҳо ва минтақаҳои махсуси иқтисодии Федератсияи Россия дар самти ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, махсусан аз Федератсияи Россия барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок вобаста ба бунёди кластерҳои саноатӣ ва паркҳои технологӣ, корхонаҳои муштараки саноатӣ, такмили санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда дар заминаи омўзиши таљрибаи минтақаҳои озоди иқтисодии дигар кишварҳои пешрафта, мубодилаи таҷриба ва омода намудани кадрҳо бо назардошти таҷрибаи мусбии Ассотсиатсияи кластерҳо, технопаркҳо ва минтақаҳои махсуси иқтисодии Федератсияи Россия ба мувофиқа расиданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code