ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД МУАЙЯН ГАРДИДАНД

Санаи 29.09.2021 дар майдончаи варзишии боғи фарҳангӣ – фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ чорабинии тантанавӣ ҷиҳати ҷамъбаст намудани даври сеюми мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон – Қиёмиддин Миралиён, муовини раиси шаҳри Кӯлоб – Ҳамидиён Орзу, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб – Шарифзода Гулрухсор Шарифзода, намояндаи ФФТ дар шаҳри Кӯлоб – Давлатзода Мирзошариф ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.
Нахуст, ҳозирин аз рафти иқдоми мазкур суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки мусобиқаи мазкур дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муназзами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, мақсади асосии он ин оммавигардонии мусобиқаи варзишии футбол ва ҷалби ҷавонон ба ин намуди варзиш ба ҳисоб меравад.
Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби ҳозирин дар фазои тантанавӣ ба дастаи н. Муъминобод ба ҳар як иштирокчии он Раҳматномаҳо ва ба дастаи н. Ш. Шоҳин дипломи дараҷаи III барои ишғоли ҷойи сеюм, ба дастаи н. Данғара дипломи дараҷаи II ҷиҳати ишғоли ҷойи дуюм ва ба дастаи ш. Кӯлоб дипломи дараҷаи I барои сазовори ҷойи якум, медалҳо ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Бояд гуфт, ки мусобиқаи мазкур дар шаҳри Кӯлоб бо иқдомоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо намояндагии ФФТ дар минтақаи Кӯлоб ва мактаби вилоятии варзишии – 4 аз санаи 15.09.2021 то ба имрӯз идома ёфта, даҳ дастаҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб миёни ҳам дар фазои дӯстию рафоқат ва амдилию ҳамдигарфаҳмӣ рақобат намуда, беш аз 20 бозӣ доир гардиданд, ки дар натиҷаи бозиҳои баргузоршуда ва хулосаҳои доварон иштирокдорони фаъол ва ғолибон муайян гардиданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code