Суханронӣ дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,

Хонумҳо ва ҷанобон,

Қабл аз ҳама, мехоҳам бори дигар Сарвазири муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷаноби Олӣ Имрон Хонро ба Тоҷикистон хайрамақдам бигӯям ва барои анҷом додани сафари расмӣ ба кишвари мо аз ӯ изҳори сипос намоям.

Музокироти мо чун анъана дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳуми комил сурат гирифтанд.

Ҷониби Тоҷикистон аз натиҷаҳои музокироти сатҳи олӣ изҳори қаноатмандӣ менамояд.

Вохӯриҳои имрӯза бомуваффақият баргузор гардида, аз натиҷаи онҳо бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид.

Мо аз раванди тамосҳои сиёсии доимии байни ду давлат, аз ҷумла дар сатҳи олӣ изҳори қаноатмандӣ менамоем.

Дар рафти музокирот ҷонибҳо имконияти густариши бештари ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратиро, ки яке аз ҳадафҳои муҳимму муштараки ҷонибҳост, бори дигар таъкид намуданд.

Дар ин раванд нақши фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Ҳамзамон, зарурати афзоиши ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар таъкид гардид.

Мо, ҳамчунин, омодагии худро ҷиҳати тавсеа бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт, хоссатан ҷиҳати баромадани Тоҷикистон ба бандарҳои баҳрии Покистон – Қарочӣ ва Гвадар изҳор намудем.

Дар ин ҷода, Тоҷикистон алоқаманди пайвастан ба долонҳо ва лоиҳаҳои нақлиётии минтақавӣ  мебошад.

Тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи саноат муҳим арзёбӣ гардид.

Мо таъкид кардем, ки ба ҳамкориҳои шарикӣ дар масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ – терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ идома мебахшем.

Зимни баррасии вазъи имрӯзаи минтақа қазияи Афғонистон дар маркази диққати мо қарор дошт.

Вазъи кунунӣ дар он кишвар нигаронкунанда арзёбӣ гардид.

Мо, ҳамсоякишварҳои Афғонистон ба барқарории сулҳу субот дар ин кишвари азиятдида беш аз ҳама манфиатдорем ва ба  эҳёи иқтисоди миллии Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоем.

Мо бар онем, ки ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон, ҳамчун кишвари пайвандгари шабакаҳои нақлиётии минтақавӣ ва байналмилалӣ, хоссатан барои кишварҳои ҳамсоя муҳим мебошад.

Дар ин зимн, изҳори умед карда шуд, ки  сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя ҳарчӣ зудтар барқарор гардида, манфиатҳои тамоми гурӯҳҳои сиёсиву қавмӣ дар Афғонистон ба эътибор гирифта мешаванд. Мо ҷонибдори ҳукумати фарогир дар он кишвар бо иштироки намояндагони тамоми гуруҳҳои иҷтимоӣ мебошем.

Ҳамзамон мо таъкид бар он кардем, ки дар ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигар қавмиятҳо ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

Итминон ҳосил гардид, ки сулҳу субот дар Афғонистон фақат бо ҳамин роҳ таъмин мегардад.

Ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои таъмини кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза мебошанд.

Тоҷикистон ва Покистон ба мувофиқа расиданд, ки тамоми кӯшишҳои худро барои расидан ба ин ҳадафҳо сафарбар хоҳанд кард.

Мо ба ифоқа расидем, ки барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни Толибон ва тоҷикон мусоидат хоҳем намуд.

Дар соли оянда ба барқарорсозии равобити дипломатии Тоҷикистону Покистон  30 сол пур мешавад.

Мо бо Ҷаноби Олӣ Имрон Хон ба мувофиқа расидем, ки ин санаи муҳимро бо баргузории чорабиниҳои сиёсии сатҳи муносиб таҷлил менамоем.

Акнун, бо камоли майл риштаи суханро ба Ҷаноби Олӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон медиҳам.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code