ПАҲЛАВОНИ КӮЛОБӢ СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА ДАР ГУШТИНГИРӢ ГАРДИД

Санаи 12 сентябри соли 2021 дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ — гӯштингирӣ баргузор шуд. 

Дар мусобиқаи дуюми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ паҳлавонон аз ҷумҳуриҳои Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Украина, Узбекистон, Фаластин, Ҳиндустон ва Эрон ширкат намуданд.

Рақобатҳо дар вазнҳои 60кг, 70кг, 80кг, 90кг, +90кг миёни мардон ва вазни 65кг миёни бонувон ҷараён гирифта, ба ғолибони ҳар шаш вазн шоҳҷоиза – мошин, ба барандагони медалҳои нуқра 3000 доллари ИМА ва ба барандагони медалҳои биринҷӣ 1500 доллари ИМА тақдим гардид.

Дар ин мусобиқа паҳлавони шаҳри Кӯлоб Хайрандеши Муродзод дар вазни 60 кг иштирок намуд.

Бояд қайд кард, ки  Хайрандеши Муродзод  9 июни соли 1998 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Аз соли 2008 то инҷониб дар Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб, таҳти роҳбарии мураббии гуштини миллӣ Саидхоҷаев Абдулло тамрин намуда истодааст. Хайрандеши Муродзод устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамчун як варзишгари касби дар мусобиқаҳои сатҳи  ҷумуҳриявӣ ва байналмилалӣ бо дарки масъулияти баланди ватандӯстӣ соли 2018 дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини самбо дар давлати Федератсияи Руссия- ҷойи сеюм дар вазни 65 кг, соли 2019  дар мусобиқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гуштини миллӣ (гуштингирӣ) ҷойи сеюм дар вазни 65 кг, соли 2020 дар бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гуштини Дзю-до ҷойи дуюм дар вазни 65 кг иштирок намуда, парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштааст.

Дар натиҷаи заҳмати тамринҳои зиёд  Хайрандеши Муродзод  ҷойи аввалро ишғол намуда, соҳиби медали тилло ва шоҳҷоиза автомашин гардид.

Дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб Хайрандеши Муродзодро  муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу ва собиқадорони варзиш бо гулу гулдаста пешвоз гирифтанд.

 Ин ифтихори сокинони шаҳри Кӯлоб мебошад.

ҶОИЗА МУБОРАК ХАЙРАНДЕШ!

ДИЛОРОМ ФАЙЗОВА – Мудири бахши матбуотӣ МИҲД-шаҳри Кӯлоб

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code