ДАР КӮЛОБ ЯК ОИЛАИ ДИГАР СОҲИБИ ХОНА ШУД

Санаи 11-уми майи соли 2021 бар асари офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб як қатор хонаҳои истиқоматӣ зарар дида буданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки  аз ҷониби Агентии Оғохон оид ба муҳити зист дар Тоҷикистон як хонаи истиқоматӣ  воқеъ дар кӯчаи Содиқов №73 сохта ба истифода дода шуд. Хонаи дорои 5 ҳуҷра буда, бо тамоми лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Дар ин росто, хонаи истиқоматӣ бо иштироки муовини раиси шаҳри Кӯлоб Садирзода Баҳром, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал лейтенант Назарзода Рустам  ва намояндаи Агентии Оғохон мавриди истифода қарор дода шуд.

Ҳамчунин, оилаи хонадон миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расониданд.

  Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code