РОҲПАЙМОИИ ОСОИШТА БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 9-уми сентябри соли 2021 дар маркази шаҳри Кӯлоб роҳпаймоии осоишта   бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муҳтарам Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин фаъолони шаҳр, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарону ташкилоту муассисаҳо, собиқадорон, намояндагони ВАО ширкат доштанд.

Баъди садо додани суруди миллӣ, раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф меҳмонони олиқадрро хайрамақдам гуфта, нишондиҳандаҳои си соли охири шаҳрро бо назару таҳлили хос иброз намуданд.

Ҳамзамон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муҳтарам Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин  аҳли ҷамъомад ва дар маҷмӯъ кулли сокинони шаҳри Кӯлобро аз номи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи санаи фархунда 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муборакбод гуфтанд.

Сипас, роҳпаймоии осоиштаи  бо иштироки 15 ҳазор  сокинон ва  беш аз 500 адад мошинҳои орододашудаи тамоми ташкилоту муассисаҳои шаҳри Кӯлоб  доир карда шуд.

ФАЙЗОВА ДИЛОРОМ– мудири бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code