МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 7-уми сентябри соли 2021 дар толори қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб чорабинии тантанавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муҳтарам Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин фаъолони шаҳр, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарону ташкилоту муассисаҳо, собиқадорон, намояндагони ВАО ширкат доштанд.

Раиси  шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф меҳмононро олиқадрро хайрамақдам гуфта, нишондиҳандаҳои си соли охири шаҳро бо назару таҳлили хос иброз намуданд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муҳтарам Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин  аҳли ҷамъомад ва дар маҷмӯъ кулли сокинони шаҳри Кӯлобро аз номи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи санаи фархундаи миллат муборакбод гуфтанд.

Ичунин доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, рушду пешрафти вилояти Хатлон дар 30-соли мустақилияти Тоҷикистон, нуфӯзи кишвари мо дар арсаи олам, талошҳои шабонарӯзии Сарвари давлат дар робита ба таваҷҷуҳи хосаашон ба бахши мактабу маориф, иншооти тиббӣ, рушди фарҳангу маънавиёт, нишондиҳандаҳои бахши кор бо занон ва оила, рӯзгори ҷавонон, музаффарияти варзишгарони шаҳри Кӯлоб дар миқёси дунё ва дигар паҳлӯҳои соҳаҳои иҷтимоӣ изҳори андеша намуданд.

Дар ин росто, муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробуддин аз номи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода кулли мардуми шарафманди шаҳри Кӯлобро табрик намуд.

Дар идомаи чорабинӣ бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаҳои давлатӣ ичунин бо қарорҳои дахлдори раиси  вилояти Хатлон ва раиси шаҳри Кӯлоб беш аз 150 нафар фаъолони шаҳри Кӯлоб бо Ифтихорномаҳо  сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир аз ҷониби бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб суруду таронаҳои дилнишин пешкаши меҳмнон гардонида шуд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code