ГУЗАШТИ НИЗОМӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Санаи 7 сентябр чун дар дигар гушаву канори Ватани азизамон дар шаҳри Кӯлоб низ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муҳтарам Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, муовини вазири мудофиА Бахтиёр Лангариев  паради низомӣ доир гардид.

Дар майдони марказии шаҳр ҳайати шахсии сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қисмҳои ҳарбии гарнизони шаҳр ва захираҳои сафарбарӣ саф ороста, таҳти оҳанги тантанавӣ  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдон ворид гардид.

Пас аз иҷрои Суруди миллӣ раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф ҳамаи иштирокчиёни паради ҳарбиро ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ самимона  табрик намуд. Раиси  шаҳр зимни суханронии худ қайд кард, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлолият ба ҳисоб рафта, баъди пош хурдани Иттиҳоди шӯъравӣ бе ба меърос гирифтани ягон техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ таъсис дода шуд.

Бояд дар хотир дошта бошем, ки Артиши миллӣ як рукни муҳимми давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро бе мавҷудияти қувваҳои мусаллаҳ ягон давлат истиқлолият ва марзу буми худро нигоҳ дошта ва мудофиа карда наметавонад.

Маҳз бо талошу кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт дигаргунии ҷиддӣ ба миён омада, шароити қисмҳои низомӣ, таъминоти техника ва таҷҳизотӣ зарурӣ ва махсусан заминаҳои кадрӣ фарҳам оварда шуд.

Дар чунин вазъияти тақдирсоз ба бахти миллати тоҷик фарзанди сарсупурдаи Ватан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат омада, ҳамчун Пешвои халқ кишварро аз вартаи нобудӣ ба пайраҳаи равшан ва мардумро ба зиндагии осуда баргардонд. Дар ин росто, яке аз аввалин иқдоми дурандешонаи Пешвои миллат дар роҳи расидан ба Ваҳдати миллӣ таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки бе ягон заминаи техникӣ дар зери хаймаи сарбозӣ оғоз ёфт.

Ҷавонони мо, ки ояндаи миллат мебошанд, бояд донанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он барои ҳар як фарзанди бовиҷдон ҳам қарз ва ҳам фарз аст.

Дар давоми 30-соли охир борҳо сарбозон садоқати худро ба савганди ҳарбӣ собит сохта, баҳри ҳимояи Ватан сина сипар намуданд.

Имрӯз, ки хушбахтона аз баракати сиёсати созандаи Пешвои миллат 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои ваҳдати миллӣ ва оромиву хушбахтии комил истиқбол гирифта истодаем, баҳри ҳимояи ин дастовардҳо мебояд аз гузашта хулоса бароварда, ҳушёру зирак бошем. Ватани худро дӯст дорем ва содиқ ба савганди ҳарбии худ бимонем.

Сипас, бо амри фармондеҳи парад гузашти гузашти низомии беш аз 5 ҳазор нафар ҳайати шахсии сохторҳои қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо ва захираҳои сафарбарии шаҳру деҳоти Кӯлоб доир шуд.

Гузашти техникаҳои ҳарбии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ дар шаҳр низ ҷузъи хотирмону дидании паради низомӣ имрӯза буд.

Гузашти низомӣ дар фазои тантанавӣ сурат гирифта, бори дигар собит намуд, ки ҳар пораи хоки Тоҷикистони маҳбубамон барои афсарону сарбозон, мардуми шарафманди диёри арҷмандамон азизу муқаддас мебошад ва на танҳо низомиён, балки ҳар як фарди бонангу номус ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург меҳисобад.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code