СУХАНИ ТАБРИКИИ раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф дар оғози гузашти низомӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам афсарону прапоршикҳо, сарбозон ва хизматчиёни дар эҳтиётқарордошта!

Ҳозирини арҷманд!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳар яки Шуморо ба фарорасии ҷашни муқаддаси миллати тоҷик – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамояд!

Ҳамзамон, ба ин ҷашни фархунда ҷузъу томҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони ҷанг, аз ҷумла ташкилотҳои “Ҳомиёни Ватан”, “Сипарони Ватан” ва захираи сафарбарии шаҳрро самимона  табрик гуфта, ба ҳамаи Шумо оромиву осудагӣ дар оила, сиҳатмандиву хотирҷамъӣ ва барору комёбӣ дар кору фаъолиятатон таманно менамоем.

Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлолият ба ҳисоб рафта, баъди пош хурдани Иттиҳоди шӯъравӣ бе ба меърос гирифтани ягон техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ таъсис дода шуд.

Бояд дар хотир дошта бошем, ки Артиши миллӣ як рукни муҳимми давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро бе мавҷудияти қувваҳои мусаллаҳ ягон давлат истиқлолият ва марзу буми худро нигоҳ дошта ва мудофиа карда наметавонад.

Маҳз бо талошу кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт дигаргунии ҷиддӣ ба миён омада, шароити қисмҳои низомӣ, таъминоти техника ва таҷҳизотӣ зарурӣ ва махсусан заминаҳои кадрӣ фарҳам оварда шуд.

Дар ҳақиқат, авзои мураккаби солҳои аввали соҳибистиқлолӣ нишон доданд, ки ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба души халқи тоҷик ва ҷавонмардони бонангу номуси миллат масъулияти бузурги ҳимояи Ватанро гузоштааст. Зеро баҳри мустаҳкам сохтани пояҳои давлатдории миллӣ, аз ҳар гуна хатарҳои эҳтимолӣ ба мо пеш аз ҳама артиши аз ҳар ҷиҳат обутобёфта лозим буд.  Солҳои навадуми асри гузашта Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маҳз ба чунин таҳдиди ҷиддӣ рӯбарӯ гардида буд. Қариб буд Тоҷикистони азизамон аз харитаи ҷаҳон нобуд ва халқи тоҷик пароканда гардад.

Дар чунин вазъияти тақдирсоз ба бахти миллати тоҷик фарзанди сарсупурдаи Ватан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат омада, ҳамчун Пешвои халқ кишварро аз вартаи нобудӣ ба пайраҳаи равшан ва мардумро ба зиндагии осуда баргардонд. Дар ин росто, яке аз аввалин иқдоми дурандешонаи Пешвои миллат дар роҳи расидан ба Ваҳдати миллӣ таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки бе ягон заминаи техникӣ дар зери хаймаи сарбозӣ оғоз ёфт. Ҳамаи мушкилоти мавҷуда аз роҳи бедор шудани ҳисси худшиносиву ватандорӣ ва нанги ҷавонмардии фарзандони баномуси миллат бартараф гардиданд ва имрӯз артиши миллии мо ба артиши тавоно табдил ёфт. Имрӯз ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати Корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба тамоми лавозимоту техникаи ҳарбӣ таъмин гардиданд.  Айни ҳол маҳорати ҷангӣ ва қобилияти касбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, дар машқҳои муштарак байни Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба натиҷаҳои баландтарин даст ёфтааст. Ҷавонони мо, ки ояндаи миллат мебошанд, бояд донанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он барои ҳар як фарзанди бовиҷдон ҳам қарз ва ҳам фарз аст. Барои тарбияи кадрҳои ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Академияи ҳарбӣ, донишгоҳ ва коллеҷҳои ҳарбӣ ташкил карда шуд, ки имрӯз ин кадрҳо дар соҳаҳои гуногуни Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ хизмат намуда истодаанд. Аз ҷумла, дар шаҳри Кӯлоб низ бо дастгириву ҳидоятҳои Пешвои миллат Коллеҷи милитсияи назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд, ки ба ҳайси тарбиятгирандагони он дар баробари писарон духтарон низ дарси шуҷоату ватандӯстӣ меомӯзанд

Дар давоми 30-соли охир борҳо сарбозон садоқати худро ба савганди ҳарбӣ собит сохта, баҳри ҳимояи Ватан сина сипар намуданд. Дар ин роҳ садҳо ҷавонмардони бонангу номуси Ватан ҷони худро фидо карданд, ки хотираи онҳо ҳамеша пос дошта мешавад.

Имрӯз, ки хушбахтона аз баракати сиёсати созандаи Пешвои миллат 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои ваҳдати миллӣ ва оромиву хушбахтии комил истиқбол гирифта истодаем, баҳри ҳимояи ин дастовардҳо мебояд аз гузашта хулоса бароварда, ҳушёру зирак бошем. Ватани худро дӯст дорем ва содиқ ба савганди ҳарбии худ бимонем.

Зеро авзои мураккаб ва ба ҳам печидаи ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дода истодааст, ки дар доираи манфиатҳои геополитикии абарқудратҳо чигуна мардуми ҳамсоякишварамон Афғонистон ва бисёре аз кишварҳои дигари ҷаҳон қурбонии чунин танишҳои сиёсӣ ва манфиатҷӯёна гардидаанд.

Мо фарзандони содиқи Ватан бояд барои ҳимояи Ватани азизамон, марзу буми он доимо омода бошем. Аз афсару аскари оддии дар эҳтиётқарордошта то сарбозу афсару генералҳо дар ҳолати омодабошии доимӣ бошем, ки то касе ба хоки муқаддаси Ватани мо бо нияти бад нигоҳ карда натавонад.

Падару модарон, хоҳарону бародарон, фарзандони азиз! Шумо дилпур бошед, ки мо аскарону афсарон барои ҳимояи Ватани азизамон доимо омодаем ва намегузорем, ки касе чи дар дохил ва чи дар берун бо нияти нопоки худ ба Шумо зиён расонад. Зеро имрӯз ба ғайр аз артиши доимоамалкунанда мо танҳо дар шаҳри Кӯлоб ҳайати қариб садҳазорнафараи дарэҳтиётбудаи сарбозону афсаронро дар ихтиёр дорем, ки онҳо доимо дар ҳифзи Ватан омодаанд.

Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки: “Мардуми шарифи Тоҷикистон ҷасорату ҷоннисориҳои ҷавонмардони далеру ғаюри шаҳри Кӯлобро ба хотири барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва сулҳу оромӣ ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хизмати воқеан таърихии онҳоро ҳамеша ба некӣ ба ёд меоранд. Бовар дорам, ки мардуми ватандӯсти шаҳр дар оянда низ дар ҳифзи истиқлолу озодии Ватани аҷдодӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти давлати озоди тоҷикон дар сафи пеш қарор хоҳанд дошт”.

Бо арзи сипос ба Пешвои миллат барои қадршиносиашон аз хизматҳои ҷавонмардони бонангу номуси шаҳри Кӯлоб, ҳамагон дарк менамоем, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи ин марзу бум аз ҳар яки мо сокинони кишвар, новобаста аз миллат, нажод ва эътиқоди динӣ вобастагии калон дошта, водорамон месозад то дар роҳи таъмини суботу амнияти он доимо талош варзем. Зеро ҳастии мо бо ҳастии Ватани маҳбубамон пайваст буда, нишоти рӯзгору зиндагии мо аз оромии кишвар маншаъ мегирад.

Набояд фаромӯш созем, ки ҳастии мо, озодии мо, обруву эътибори ҳар як шаҳрванди кишварамон дар арсаи байналмиллалӣ, хусусан дар назди таърихи инсонӣ аз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад.

Боварии комил дорем, ки ҳар як шаҳрванди кишвар, аз он ҷумла, мо сокинони бонангу номуси шаҳри Кӯлоб, ки имрӯз дар гузашти низомӣ саф оростаем, ҳастии худро баҳри  ҳифзи истиқлолияти кишвар ва озодии халқамон мебахшем.

Поянда бод Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Шараф ба Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Бори дигар ҳамаи Шуморо ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code