Бурҳониддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I сарфароз гардонида шуданд

2 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармонҳои худ ду тан шахсияти шинохтаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шодравон Бурҳониддини Раббонӣ ва шодравон Аҳмадшоҳи Масъудро пас аз марг бо мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” сарфароз гардониданд.

Дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, профессор Бурҳониддини Раббонӣ бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I”  омадааст:

Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, профессор Бурҳониддини Раббонӣ барои мусоидат ва миёнҷигарӣ ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993-1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” сарфароз гардонида шавад.

Дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии собиқ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” низ омадааст:

Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд барои мусоидат ва миёнҷигарӣ ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993-1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” сарфароз гардонида шавад.

Бояд гуфт, ки ордени “Исмоили Сомонӣ” мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони арзанда барои хизматҳои шоён супорида мешавад.

Ордени “Исмоили Сомонӣ” аз нуқра сохта шуда, ситораи ҳаштқира мебошад. Канораҳои ситора зарандуд ва ситораи ҳаштқираи нуқрафоми дохилиро ташкил медиҳанд.

Дар маркази ситора медалиони тасвири барҷастаи зарандуди шоҳ Исмоили Сомонӣ аст.

Дар давродаври медалион, дар ранги кабуди сирдавон дар ҳошияи зарандуд навиштаҷоти “Исмоили Сомонӣ” бо ҳарфҳои зарандуд иҷро шудааст. Дар қисми поёни медалион ду навдаи зарандуди дарахти ғор сабт шудааст. Дар тарафи қафои ситора рақами он нақш шудааст.

Тасмаи ордени “Исмоили Сомонӣ” – тасмаи парниёни ранги кабуд буда, дар канорҳояш рахи зарандуд дорад. Паҳноии тасмаи ордени “Исмоили Сомонӣ” дараҷаи I – 100 миллиметр, паҳноии рахҳо ва масофа аз канорҳои тасма 3 миллиметр мебошад.

Зеҳи овезаи доимӣ фулузӣ, паҳноиаш 38 миллиметр, баландиаш 10 миллиметр буда, бо тасмаи парниёни ордени “Исмоили Сомонӣ” рӯкаш шудааст. Зеҳи ордени дараҷаи I дар миёна бандинаи қутраш 8 миллиметр ва шерозаи тиллоранг дорад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code