БОЗДИДИ КОРШИНОСОНИ ЛОИҲАИ “ИДОРАКУНИИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ” – И БОНКИ РУШДИ ОЛМОН (KFW) АЗ ҲУДУДИ МОИ “КӮЛОБ”

Санаи 28 июли соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин бо мақсади аз наздик шинос бо мавзеъҳои хавфноки шаҳри Кӯлоб, пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, омӯзиши имкониятҳои гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва шинонидани дарахтони гуногун дар соҳили дарёҳо намояндагони лоиҳаи лоиҳаи “Идоракунии хавфи офатҳои табиӣ” – и Бонки рушди Олмон (KFW) таҳти роҳбарии ҷаноби Серви Небурс – коршиноси масоили чорводорӣ, агро – иқтисодчии (Аnimal Рroduction Expert/Agro – economist) ширкати консалтингии байналмилалии AHT GROUP AG аз ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодиии “Кӯлоб” боздид намуданд.
Зимни боздид аз ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” аз ҷониби Роҳбари Маъмурияти минтақа Абдуллозода Мустафо Рустам муаррифии лоиҳаҳои нақшаи генералии минтақаи мазкур, панҷарабандии ҳудуди он, дидбонгоҳи гумрукӣ, бинои маъмурӣ, маркази рушди истеъдодҳои ҷавонон ва мусоидат дар содироти маҳсулотҳои сайёҳӣ тавассути минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ва корхонаи санаотӣ оид ба истеҳсоли қисмҳои автомобилӣ (ҶДММ “Тоҷик Алмос”) сурат гирифта, вобаста ба ҳар як лоиҳа маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Дар ин раванд иттилоъ иттилоъ дода шуд, ки Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” бо дарёи Ёхсу ҳамсарҳад буда, дарозии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ 3,6 км. ташкил дода, дар ҳамкорӣ бо Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва КВД Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипроводхоз» ҳуҷҷатҳои харҷномаи пешакии «Соҳилмустаҳкамкунии соҳили дарёи Ёхсӯ дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бо маблағи умумии 96,9 млн. сомонӣ тарҳрезӣ гардида, тибқи тартиби муқарраргардида ҳамчун афзалият ба лоиҳаи «Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2021 – 2025» ворид гардидааст.
Ҳамзамон, дар раванди сафари корӣ имконият фароҳам оварда шуд, ки мутахассисони соҳа бо мавзеъҳои хавфноки дарёи Ёхсу аз наздик шинос гарданд.
Бинобар ин, пешниҳод гардид, ки бо назардошти аҳамияти муҳими стратегӣ доштани Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб», дар оянда бунёд гардидани як қатор иншоотҳои муҳими истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ва хизматрасонӣ гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ яке аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code