ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МАДАНИЯТИ АНДОЗСУПОРӢ – БАҲОИ БОФАРҲАНГИИ ҶОМЕА» ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Санаи 24 – майи соли ҷорӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45 – и шаҳри Кӯлоб бо иштироки хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагони шаҳри Кӯлоб, давраи аввали озмуни ҷумҳуриявии «Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа», аз рӯи номинатсияи расми беҳтарин зери унвони «Андоз аз нигоҳи наврасон» баргузор гардид, ки дар он муовини раиси шаҳри Кӯлоб оид ба маънавиёт Орзу Ҳамидиён, сардори нозироти андоз дар шаҳри Кӯлоб Ибодуллозода Алиҷон, мудири шуъбаи иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр Алимад Раҳмонов ва мудири кабинети методӣ Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб Гулчеҳра Шомадова ширкат варзиданд. Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён пеш аз оғози озмун довталабонро ба низомнома ва шартҳои озмун шинос карда, зикр кард, ки ҳар як фарди ватандӯсту худшинос бояд, пеш аз ҳама қарзи шаҳрвандии худро дар назди давлату миллат иҷро намояд. Яъне сари вақт андозҳои давлатиро ба буҷет пардохт намоянд. Пардохти саривақтии андоз метавонад, ки дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар нақши созгор гузорад. Падару модарро мебояд, ки фарзандони худро аз хурдсолӣ дар рӯҳияи ватандустӣ, хештаншиносӣ тарбият карда, моҳият ва мафҳумҳои пардохти андозро ба онҳо омӯзонанд. Наврасону ҷавонон бояд донанд, ки супоридани андоз ба буҷети давлат ҳатмӣ буда, он метавонад, дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат ва сатҳи зиндагии сокинон нақши арзанда мегузорад. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки озмуни «Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа» аз рӯи ду номинатсия, якум расми беҳтарин миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ зери унвони «Андоз аз нигоҳи наврасон» номинатсияи дуюм бошад, миёни донишҷӯёни донишгоҳу коллеҷ ва андозсупорандагону соҳибкорон зери унвони «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат баргузор гардида истодааст. Ибодуллозода Алиҷон, сардори Нозироти андози шаҳри Кӯлоб ҳангоми баромад афзуд, ки: «озмуни мазкур аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шаҳру навоҳи ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардида, ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Мақсад аз баргузории чунин озмунҳо миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа пеш аз ҳама ошноӣ пайдо намудани наврасону ҷавонон ба моҳият ва пардохти саривақтии андоз мебошад». Бояд гуфт, ки дар номинатсияи якум расми беҳтарин зери унвони «Андоз аз нигоҳи наврасон» 39 нафар аз муҳассилини мактабҳои таълимӣ шаҳри Кӯлоб бо як таёрии хуб омада, маҳорату қобилияти худро санҷиданд. Ҳайати ҳакамон бо тасвирҳои кашидаи ҳар як хонандаи мактаб шинос шуда, пас, аз хулосабарорӣ ғолибони озмунро муайян карда, дар як вазъияти тантанавӣ ба онҳо сипосномаи раиси шаҳр ва туфаҳои хотиравӣ супориданд. Дар ин давра 9 нафар аз ғолибони озмуни даври шаҳрӣ ба даври вилоятӣ, ки моҳи июн дар маркази вилояти Хатлон баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд. Ҳамин тариқ, рӯзи 25 майи соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки васеи донишҷӯёни донишгоҳ, коллеҷҳои давлатию хусусӣ давраи аввали озмуни ҷумҳуриявӣ «Маданияти андозсупори баҳои бофарҳангии ҷомеа» аз рӯи номинатсияи дуюм «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат гирифт, ки дар он шумораи зиёди донишҷӯёни факултетҳои молиявию – иқтисодӣ, андоз ва андозбандӣ ширкат варзиданд.
Дар охир, ғолибони озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамон муайян гардида, ҷойи якум ба ҷонишҷӯиёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ Файзалиев Сайидмуъмин, Умаров Давлат ва Исматзода Меҳроб,ҷойи дуюм ба Умаров Эмомалӣ донишҷӯи факултети иқтисодии донишгоҳ Каримхонзода Саёҳат, донишҷӯи коллеҷи тибби ғайридавлатии шаҳри Кӯлоб ва Шаривоф Бедил, ҷойи 3-ум ба Ҷалолов Рустам – донишҷӯиёни ҳамин донишгоҳ Мамадалиева Фарзона, Нуриддини Садриддин соҳиб шуданд ва ба даври вилояти роҳхат гирифтанд.
Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code