Расонидани кӯмаки башардӯстона аз ҷониби Духтурон Бидуни Марз (MSF) барои зарардидагони офатҳои табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Санаи 25 майи соли 2021 ташкилоти байналмилалии тиббӣ-башардӯстонаи Духтурон Бидуни Марз (MSF) дар ҳамкорӣ бо Ситоди фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба одамони аз офати табиӣ зарардида дар шаҳри Кӯлоб 150 бастаи маводҳои гигиенӣ тақсим карданд.
Дар паи боронҳои шадиди рӯзи 11 майи соли 2021 ба вуқуъ омада, ки боиси обхезӣ гардид дар якчанд маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб хонаҳоро валангор ва ё хароб намуд. Мувофиқи маълумоти расмӣ, дар ин обхезӣ се нафар ҷони худро аз даст доданд, зиёда аз 100 хоҷагии мардум пурра ва ё қисман хароб гардиданд. Дар натиҷаи офати табиӣ ашёҳои рӯзгор ва захираи хӯроквории мардум низ аз офат эмин намонданд.
Духтурон Бидуни Марз бастаи маводҳои гигиёниро ба одамоне тақсим намуд, ки хонаҳояшон аз офати табиӣ зарар дидаанд. Ҳар як бастаи маводи гигиёнӣ аз сатил, сачоқ, собун, хоккаи ҷомашӯӣ, чӯткаҳои дандоншуӣ, хамираи дандон, кружка ва дастмолҳои санитарӣ иборат буданд.
Аз соли 2011 инҷониб Духтурон Бидуни Марз дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқ кардани лоиҳаи табобату нигоҳубини ҳамаҷонибаи бемории сил дар кӯдакон фаъолият карда истодааст. Ҳадафи асосӣ барои беҳтар намудани ташхис ва табобати доруҳои мутобиқгаштаи бемории сил дар кӯдакон ва беҳтар намудани дастрасӣ ба табобату нигоҳубини ҳамаҷониба ва бемори сироятёфтаи сил – дар меҳвари таваҷҷуҳ нигаронида шудааст. Аз моҳи июни соли 2016 Духтурон Бидуни Марз лоиҳаи нигоҳубини кӯдакони сироятёфтаи ВНМО-ро дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб роҳандозӣ намуд ва фаъолиятҳои он дар соли 2020 ба шуъбаи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон оид ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб супорида шуданд.
Духтурон Бидуни Марз ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои талошҳои муштарак ҷиҳати кӯмаки ҳамаҷониба ба зарардидагони офати табиӣ аз сел дар шаҳри Кӯлоб миннатдорӣ баён менамояд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code