КИТОБ-МАНБАИ ДОНИШ

Кормандони Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» ҷиҳати омодагиҳо ба Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, як қатор корҳоро ба сомон расониданд. Аз ҷумла, санаи 26.05.2021 бо довталабоне, ки дар Озмун аз Муассисаи мазкур ва Китобхонаи вилоятии бачагона ширкат варзиданро доранд бо иштироки аъзои ҳакамони таъсиснамудаи Муассиса азназаргузарониро баргузор намуданд.
Довталабонро шоир Нуралӣ Яқуб, омӯзгори Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов Давлатов Рустам аз рӯи асархои мутолиа намудаашон барои тарзи дурусти кироати шеър, ғазал ва рубоӣ саволу чавоб намуда, ба 28-нафар довталаби беҳтарин барои ширкат варзидан ба даври шаҳрӣ маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Китобдорон ҳамаррӯза бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию-фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ байни довталабони муассиса чорабиниҳои тарғиботиро дар заминаи Амри мазкур, муаррифии китобҳои тозанашр ва расонидани ёрии амалию методӣ баргузор намуда истодаанд.
Абдулҳакимзода Саодат – корманди ,,Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи С.Айнӣ дар ш. Кӯлоб,,

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code