ВОХӮРИИ ГУРӮҲҲОИ КОРИИ ТАБЛИҒОТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Тибқи нақшаи таблиғотии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи 24-25 майи соли равон дар байни мардуми деҳот ва шаҳр, алалхусус ҷавонон вохӯриҳо баргузор намуданд.

Чунин вохӯриҳо бо сокинони деҳаи Лағмон-2 –и Ҷамоати деҳоти Кӯлоб, дар Қасри ҷавонони шаҳр бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ва донишҷӯёни коллеҷҳои тиббию омӯзгорӣ, бо донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб баргузор карда шуд.

Дар рафти вохӯрӣ гурӯҳи корӣ оид ба дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 30 соли соҳибистиқлолии мамлакат, ки дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеаи имрӯзаи кишвар ба таври возеҳу равшан аён аст, сухан гуфтанд.

Дар вохӯриҳои баргузоргардида намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олӣ иштирок доштанд.

Сафаров Бсармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code