ШОМИ ҶАВОНӢ ДАР КӮЛОБ

Шоми 24 майи соли ҷорӣ дар боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб, чорабини фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон баргузор гардид. Ҳамидиён Орзу муовини раиси шаҳри Кӯлоб сухани ифтитоҳиро оғоз намуда, табрикоти раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуфро бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба кулли ҷавонони шаҳри Кӯлоб расонид.
Номбурда изҳор дошт, ки дар доираи ин ва дигар дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб барои тарбияи ҷавонон, инчунин ба корҳои созандагиву ободонӣ ва эҷодкориву ташаббускорӣ ҷалб намудани онҳо тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида истодаанд. Соҳаи ҷавонон ва варзиш пайваста таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти Олии мамлакат қарор дошта, сохтори соҳа бо маблағгузории ҳокимияти давлатӣ фаъолият намуда истодааст. Дар ин замина, бо мақсади фаъол гардидани мавқеи ҷавонон дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳр, беҳтар намудани шароитҳои таҳсилу фаъолияти ҷавонон чандин қарорҳои раиси шаҳр ба тасвиб расиданд. Хусусан, бо қарори раиси шаҳр «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2018-2022» қабул шудааст, ки ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш, фароҳам овардани шароитҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ ҷиҳати ташаккули шахсият ва дастгирии ҷавонон нигаронида шудааст.
Боиси ифтихор аст, ки ҷавонони шаҳри Кӯлоб дар 5 моҳи соли 2021 дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби 2 медали тилло, 2 нуқра ва 4 медали биринҷӣ гардиданд. Дар идома шоири забардасти шаҳри Кӯлоб-устод Ҳақназар Ғоиб бо қироати шеърҳои муассири худ табъи ҷавононро болида гардонид.
Дар охир, аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр як қатор ҷавонони фаъоли шаҳри Кӯлоб бо сипоснома қадрдони карда шуданд.
Чорабини бо суруду таронаҳои ҷаззоби бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб баҳри болидаруҳиву осудагии ҷавонон хотима ёфт.
Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code