Оқибати офатҳои табиӣ ба зудӣ бартараф хоҳанд шуд

Тавре иттилоъ дода будем, ёздаҳуми майи соли ҷорӣ дар натиҷаи бориши зиёд сатҳи оби сойу дарёҳо дар шаҳру минтақаи Кӯлоб баланд гардида, хонаҳои истиқоматӣ, роҳҳои автомобилгард, зеристгоҳу трансформатор, хатҳои интиқоли неруи барқ ва иншооти обу корезӣ зарар диданд.

СелҲамон рӯз бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳти роҳбарии Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ситод оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ташкил гардид, ки дар он ҳамчунин, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Рустам Назарзода низ шомил гардиданд. Онҳо ба шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Муъминобод сафар карда, мавзеъҳои офатзадаро аз назар гузарониданд.

Бино ба иттилои мудири бахши матбуотии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Дилором Файзова, офати табиӣ бештар ба сокинони маҳаллаҳои Хатти Роҳ, Нонвойи Поён, Корвонгузар, Ҷумъа Алӣ, Куҳнашаҳр, Бистсолагии Истиқлолият, қитъаҳои 3, 4, 5 ва кӯчаи Даминзода хисороти калон расонид. Инчунин, зиёда аз 50 метр роҳи байналмилалии назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 — и шаҳр канда шуда, 4 пули мошингузар пурра валангор гардид. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иброз намуд, ки масъала зери таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дувоздаҳуми май дар қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи Ситод оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ баргузор шуд. Дар он, аз ҷумла, зикр гардид, ки дар натиҷаи омадани сел дар шаҳри Кӯлоб 16 хонаи истиқоматии сокинон пурра валангор гардида, 293 манзили истиқоматӣ зарар дидааст.

Сарвазири мамлакат, ҳамчунин, гуфт, ки аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ корвони кумак ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб аз маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла 40 тонна орд, 40 тонна пиёз, 40 тонна картошка, 20 тонна равған, 1 тонна гӯшт, масолеҳи сохтмонӣ дар ҳаҷми панҷ ҳазор квадрат шифер, 200 куб тахта, 1 тонна мех, 20 тонна арматура, 100 тонна семент, 1200 дона кӯрпаву болишт ва дигар лавозимоту ҷиҳози рӯзгор ёрӣ расонида шуд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, ки аз ҷониби сокинони шаҳру минтақаи Бохтар низ бо нишони ҳамдилӣ ба зарардидагони офати табиӣ маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили орд, шакар, равған, маҳсулоти макаронӣ, картошка, пиёз, гӯшт фиристода шуд.

Сипас, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба масъулон ҷиҳати назорат ва одилона тақсим кардани кумакҳо дастуру супориш доданд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code