ОҒОЗИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ШАШКА-64

Имрӯз 15.05.2021, дар толори Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шашка-64 бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини сардори раёсати тарбияи ҷисмони ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Суфизода Давлат,мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб ва дигар масъулин иштирок намуданд.
Мусобиқаи мазкур давоми чанд рӯз дар шаҳри Кӯлоб идома ёфта, дар фарҷом ғолибон бо тӯҳфаҳо кадрдонӣ мегарданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code