ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ ДАВИ МИЛЛӢ БАРГУЗОР ГАРДИД 

Аз субҳи содиқ аллакай дар саргаҳи хиёбони Исмоилӣ Сомонии шаҳри Кӯлоб, ки старти дави миллӣ аз ин нуқта оғоз меёфт, иштирокчиён ҷамъ омада буданд.
Сараввал муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу баромад намуда, дар бораи аҳамияти баланди ин чорабинӣ, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст, суханронӣ кард.
Қайд гардид, ки дави миллӣ ҳамасола бо иштироки хурду бузурги кишвар баргузор гашта, мақсад аз баргузории ин чорабинӣ ҷисман ва руҳан тарбия намудани ҷомеа ва ба камол расонидани онҳо дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ мебошад.
Сипас, чорабинии “Дави миллӣ” оғоз гардида, ҷавонону наврасон занону кӯдакон ва ҳатто пиронсолон бо рӯҳияи болида дар ин мусобиқаи умумиҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.
Гурӯҳи иштирокчиёни “Дави миллӣ”, ки шумораи умумии онҳо беш аз 5 ҳазор нафарро ташкил медод, ба чор қисмат ҷудо карда шуда, баъд аз ҳуштаки довар, қисмати аввали иштирокчиён, ки миёнсолону пиронро дар бар мегирифт, гурӯҳи дуюм ҷавон, гурӯҳи сеюм духтарону занон ва гуруҳи чорум кудакону наврасон ба давидан шурӯъ намуданд. Иштирокчиёнро ҳайати ҳакамони бахши ҷавонон ва варзиши назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва мактабҳои варзишии шаҳр дар марра истиқбол гирифта, ғолибонро муайян намуданд.
Ҷамбасти чорабинӣ дар дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир гардида, ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Бахши – матбуотӣ
 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code