КУМАКҲОИ ХАЙРИЯВИИ СОКИНОНИ ВОДИИ РАШТ БА КӮЛОБ

Аз рӯзи 12-уми инҷониб мардуми шарифи Тоҷикистон ба сокинони ҳамаи он шаҳру ноҳияҳое, ки аз офати табиии ҳафтаи гузашта хисороти молию ҷонӣ дида буданд, дасти кумак расонида истодаанд. Ин боз як далели ҳамдигарфаҳмию ҳамбастагии миллати тоҷикро нишон медиҳад, ки зери сиёсати ғамхоронаю сулҳпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору зиндагӣ доранд.
Субҳи рӯзи 15 майи соли равон ба шаҳри Кӯлоб аз номи мардуми ноҳияҳои водии Рашт ба сокинони аз офатҳои табии рӯзҳои 11-12-уми май зарардидаи шаҳри Кӯлоб кумакҳои хайриявӣ иборат аз 10 мошини пурбор, дар ҳаҷми наздики 40 тонна маводҳои ғизоӣ, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, картошка, пиёз, макарон, маводҳои маишии рӯзғор: чойник, пиёла сатил, қолин, кӯрпаю кӯрпача, болишт ва маводҳои сохтмонӣ расонида шуд.
Қобили зикр аст, ки кумаки навбатӣ аз ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Сангвор, Лахш, Нуробод равона шуда буд.
Сафаров Б.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code