ТАБРИКОТИраиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф бахшида ба Рӯзи радио

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб кулли сокинон, хусусан кормандону мухлисони барномаҳои радиоӣ ва инженерону технологҳоро ба Рӯзи радио табрику муборак мегӯяд.
Ҷашнгирии рӯзи радио ба кашфи радио дар санаи 7-уми майи соли 1895 аз тарафи олими соҳаи физика Александр Степанович Попов вобастагӣ дошта, намунаи олии оғози рушди технологияи иттилоотӣ маҳсуб меёбад.
Аввалин барномаҳои радиоӣ дар Тоҷикистон соли 1930 тавассути радиои “Тоҷикистон” садо дод. Ин рӯйдод барои халқи тоҷик оғози марҳилаи дастрасии иттилоот тавассути технологияҳои муосир ва дар айни замон гузариш ба марҳилаи нави омӯзиши илмҳои дақиқ гардид.
Барномаҳои радиои “Тоҷикистон” нахуст аз ду бахш, яъне хабар ва шарҳи воқеот иборат буд. Радиоузелҳо аслан дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон ва майдону маҷлисгоҳҳо гузошта шуда, баъдан тавассути ноқилҳо ба ташкилоту муассиса ва манзилҳои истиқоматӣ насб шуданд.
Дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ радио манбаи асосии иттилоот ба ҳисоб мерафт. Аз ин рӯ дар ҳамаи минтақа ва ҳатто деҳаҳои дурдасттарини Тоҷикистон радиоузелҳо насб шуда, тавассути онҳо сокинон аз вазъи майдони ҷанг маълумот мегирифтанд. Маҳз барномаҳои радиоӣ дар он солҳо боиси рӯҳбаланд сохтани сокинон, тарғибу ташвиқ ҷиҳати сафарбар намудани ҷавонон ба ҷанг, пешгирӣ аз паҳн шудани овозаҳои даҳшатафкан ва мустаҳкам кардани ақибгоҳ ба ҳисоб мерафт.
Дар солҳои навадум ҳам, ки Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии бародаркуш рӯбарӯ шуда буд, ҳарчанд дигар василаҳои иттилоърасони мавҷуд буданд, аммо радио мақоми хоса дошт. Маҳз тавассути барномаҳои радиои “Тоҷикистон”, хусусан барномаи “Хоки Ватан” наздики 1 миллион гурезагони иҷбории тоҷик дар хоки Афғонистон бо даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ояндаи босаодати кишвар эътимод ҳосил намуда, ба Ватан баргаштанд.
Ҳанӯз ҳам бо вуҷуди рушди техникаву технологияи муосир радио ҷойгоҳи худро ҳифз намуда, дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо нақши муассир дорад. Боиси ифтихор аст, ки дар фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари даҳҳои шабакаҳои радиоӣ мавҷи радиои “Кӯлоб” танинандоз буда, барномаҳои ҷолиб пахш намуда истодааст. Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб намояндагиҳои радиоҳои “Тоҷикистон”, “Ховар” “Хатлон” фаъолият намуда, аз раванди кору зиндагии сокинони шаҳр гузоришҳо пахш менамоянд. Дар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр, хусусан, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, маркази ҷамоатҳои деҳот, терминали мусофирбарӣ, бозори марказӣ ва муассисаҳои олии таълимӣ радиоузелҳо насб гардида, дар таъмини амнияти иттилоотӣ нақши созгор гузошта истодаанд.
Дар охир, бори дигар аҳли ҷомеа, донишмандони соҳаи физика ва кормандони радиоро ба фарорасии ин санаи таърихӣ табрику муборакбод гуфта, таманнои онро дорем, ки дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол тавассути радио ҳамеша хабарҳои хушҳолкунанда танинандоз бошанд.
Рӯзи радио муборак, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code