ТАБРИКОТИРаиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф бахшида ба рӯзи Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ

Сокинони сарбаланди шаҳри Кӯлоб, собиқадорони ҷангу меҳнат!
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамаи Шуморо ба фарорасии рӯзи Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ – 9 май табрику муборакбод мегӯяд.
Дар ҳақиқат ҷанги дуюми ҷаҳон, ки боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардид, барои тамоми мардуми сайёра дарси ибрат мебошад. Тавре аз таърих ёд дорем, 22 июни соли 1941 неруҳои Олмон бидуни эълони ҷанг ба хоки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамла карданд. Солҳои 1941 то 1945 аз Тоҷикистон ба ҷанг аз 1 миллион шумораи умумии сокинони кишвар 300 ҳазор нафар даъват шуданд, ки 5608 нафарашро сокинони шаҳри Кӯлоб ташкил медод.
Дар майдони ҷанг сокинони Тоҷикистон мардонавор ҷангида 64 нафарашон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 15 нафарашон ба ордени «Шараф» ва даҳҳо ҳазори дигар бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷумлаи ин қаҳрамонони иттиҳоди шӯравӣ аз собиқ вилояти Кӯлоб ва шаҳри Кӯлоб Сафар Амиршоев, Саидқул Турдиев, Исмат Шарифов, Амиралӣ Саидбеков, Анварҷон Қурбонов ва Иван Протопопов буда, ҳамдиёри мо Абдулло Мусо ба се ордени “Шараф” қадрдонӣ шудааст.
Боиси таассуф аст, ки имрӯз мо ҷашни Ғалаба дар ҷанги бузурги ватаниро бе ҳузури иштирокчиёни бевоситаи он ҷанг қайд мекунем. Охирин иштирокчии ҷанги бузурги ватанӣ Мирзо Бекматов моҳи феврали соли равон дар синни 97-солагӣ аз дунё гузашт. Ҳарчанд онҳо имрӯз дар миёни мо нестанд, аммо кору пайкор ва қаҳрамониву ҷоннисориҳои эшон ҳамчун фарзандони содиқу сарсупурдаи Ватан дар ёду хотираи наслҳои минбаъда ҷовидон боқӣ мемонанд.
Набояд фаромӯш кард, ки дар шароити номуътадили ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки терроризму экстремизм хусусияти глобалӣ касб карда, рақобати кишварҳои абарқудрат барои намоиш додани нуфуз ба ҳадди ниҳоӣ расидааст, ҳар як сокини сайёраро мебояд аз оқибатҳои даҳшатбори ин ҷанг, ки беш аз 50 миллион нафар талафоти ҷонӣ дошт, ибрат гиранд. Аз ҷумла ҷавонони бонангу номуси шаҳри Кӯлобро мебояд ба қадри сулҳу ваҳдат ва суботу оромии кишвар расида, дар айни замон пайваста баҳри дифои марзу буми Ватан омода бошанд.
Дар охир ба иштирокчиёни ҷанги бузурги Ватанӣ, ки дар майдони ҷанг ва ё баъди он аз дунё гузоштаанд равони шоду охирати обод ва ба нафароне, ки имрӯз миёни мо зиндагӣ доранд саломатӣ ва умри дароз таманно менамоем.
Иди Ғалаба муборак ҳамватанони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code