ШАҲБОЗИ САҲНА

Бахшида ба 70 солагии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Муҳаммадӣ Абдурасулов

Муҳаммадӣ Абдурасулов  яке аз ситорҳои дурахшони санъати рақси тоҷик, ки бо ҳунари волою шевои хеш дар дили ҳазорон тамошобинон ҷо ёфта, дар фаъолияти ҳунарию зиндагӣ  идеалӣ  бисёри ҳунармандони гардидааст. Ӯ дар тӯли фаъолияти ҳунарии хеш баҳри рушди санъати рақсӣ хизматҳои арзанда карда, санъати рақси тоҷикиро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудааст.

Муҳаммадӣ Абдурасулов 16-июни соли 1951 деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ чашм ба олами ҳастӣ кушода, аз хурдӣ ба санъати рақс шавқу завқи беандоза дошт. Ҳангоми мактабхонӣ дар муассисаи таҳсилоти умумии №16-и деҳа дар маҳфилу чорабиниҳои мактабӣ иштироки фаъолона карда, ҳатто дар тӯю маракаҳои деҳот бо як шавқу завқи беандоза мерақсид, ки аз ин ҳунари волои ӯ мардум ба ваҷд омада, ба ӯ таҳсину офарин мехонданд.

 Ӯ баъди хатми мактаб ба омӯзишгоҳи шабонаи сохтмонии ноҳияи Ёвон дохил гардида, ҳамзамон яке аз иштирокчиёни фаъол, баъдан ба сифати раққоси театри халқии ноҳияи номбурда ба кор пазируфта мешавад. Дар давоми фаъолияти хеш дар ин боргоҳи ҳунар бо Ҳунармандони шоистаи Тоҷикистон Тағоймурод Хушвахтов, Фотима Тураева, ҳунармандон Сайдмурод Воҳидов, Файзулло Шарифов, Аълочиёни фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейн Тӯраев, Ҷурабек Ғафуров, Бозор Шамсов, Басонад Саидова ва чанде дигарон фаъолият намуда, рақсҳои нав ба навро ба рӯи саҳна офарида, бо гурӯҳҳои ҳунарӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба сафарҳои ҳунарӣ баромада, шуҳрати театри ноҳияи Ёвонро дар санъати рақс овозадор мегардонад.

Қобили зикр аст, ки маҳз фестивал – озмунҳои умумиҷумҳуриявии «Бӯстон-1» ва «Бӯстон-2» ки бо ташаббуси Вазорати фарҳанг дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизон ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки солҳои 1974-1975 баргузор гардид, дар ҳаёти Муҳаммади Абдурасулов саҳифаи нави ҳунариро кушод.

Ҳангоми тайёр намудани фестивал – озмуни умумиҷумҳурияви «Бӯстон-1» ба ноҳияи Ёвон устоди рақс Ҳунарманди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Аҳмадова даъват карда шуд буд, ки аз байни беш аз 30- нафар ҷавонони болаёқат Муҳаммадии ҷавонро барои иҷрои рақси якка интихоб намуд.

Муҳаммадӣ баъди машқҳои дурударози заҳматталаб дар фестивал озмуни ҷумҳуриявӣ «Бӯстон-1» бо рақси фолклорӣ этнографии «Чӯпон» ва «Бӯстон-2» бо рақси «Нонпазӣ» дар шаҳри Душанбе аз тарафи хайати ҳакамони озмун, ки раисии онро директори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Раҷаб Амонов ба уҳда дошт, якдилона соҳиби 10 холӣ мегардад. Худи ҳамон сол яъне соли 1975 бо даъвати устоди кафедраи хореографии Донишкадаи санъат ба номи Мирзо Турсунзода, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон профессор Азиза Азимова ба курси 1-уми шуъбаи хореограф – балетместри донишгоҳи мазкур дохил мегардад.

Муҳаммадӣ Абдурасулов дар давраи донишҷӯйӣ аз устодони бузурги санъати рақси тоҷик ҳунарманди Иттиҳоди Шӯравӣ, роҳбари бадеии  ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафор Валаматзода, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон профессор Азиза Азимова, устодон Вера Петровна Кивачук, Сталина Азаматова ва Петросян Неля Акаповна нозукиҳои санъати касбии рақсиро аз худ менамояд. Мавсуф дар давоми таҳсил дар тамоми ҷашнҳо, қабули меҳмонони хориҷӣ, консертҳои калони умумиҷумҳуривӣ баромад намуда, дар ин давра ба шаҳрҳои Самарқанд, Москва, Бухоро, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва водии Рашт ба сафарҳои ҳунарӣ баромада, ҳунару мароҳаташро пешкаши мардум мегардонад.

Муҳаммадӣ Абдурасуловро баъди хатми донишкада соли 1975 бо хоҳиши котиби якуми Кумитаи ҳизби вилояти Кӯлоб С. Ҳисомидинов ва сардори Раёсати фарҳанги вилоят Зариф Валиев ба театри ба номи Сайдалӣ Вализода ба сифати сарбалетместр даъват менамоянд. Ӯ дар дамоми фаъолияти хеш дар театри Кӯлоб бо беҳтарин ҳунармандон Одина Ҳошимов, Сураё Қосимова, Давлатманд Холов, Бобоҷон Азизов, Садбарг Қосимова, Гулмурод Зуҳуров, Мирзоватан Миров, Ҷумахон Сафаров, Адолат Комилова, Анвар Баротов, Арафамоҳ Давлатова, Бобоҷон Ҳасанов, Толибҷон Юнусов, Файзулло Каримов, Карим Ғаффоров ва Файзулло Каримов кор намуда бо рақсҳои тайёрнамудаи хеш рақсҳои «Чӯпон», «Нонпазӣ», «Тӯёна», «Қаландарӣ», «Ҳафтзарб», «Гӯштингирӣ», «Ҳиндӣ», «Гурҷӣ», «Украинӣ», «Русӣ», «Ҷуғз», «Испанӣ», «Бадахшонӣ», «Туркманӣ», «Боғбон», «Дастаи гул» ва «Дӯстии халқҳо» ба сафарҳаи ҳунарӣ дар дохили кишвар ва берун аз он дар давлатҳои Испания, Бирма, Англия, Россия, Ҳиндустон, Лаос, Шотландия, Қирғизистон, Муғулистон, Афғонистон, Полша, Эрон, Ироқ, Франсия, Беларусия, Ӯзбекистон ва Туркманистон санъати рақсии миллати тоҷикро муаррифӣ намудааст.

Ӯро ҳамчун устоди рақс дар тайёр намудани намоишномаҳо, барномаҳои консертӣ, фестивалу озмунҳои умумиҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даъват менамуданд. Ӯ дар ин ҷода як зумра рақсҳоро таҳти унвони « Куҳсори тоҷик», «Гули лола», «Дӯстӣ», «Моҳпайкар», «Ситораи Хатлон», «Қумбоқ», «Ороста», «Духтари арғуштӣ», «Танавор», «Остин», «Нозанин», «Афғонӣ», «Доирабазм», «Кокул», «Рақс бо қошуқ», «Кулолгар», «Бухороӣ», «Боҷахона», «Сезарб», «Моҳе гузашт», «Чаманоро», «Суҳбидам», «Базморо», «Омад баҳор», «Садои кӯҳсор», «Рақс бо таблак», «Масти баҳор»- ро ба саҳна гузошта, ҳамзамон дар якчанд филмҳо аз ҷумла «Ҷашнвораи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ», «Чашмаи гӯё» ва «Фариштаи сангин» нақш офаридааст, ки сазовори баҳои баланди тамошобинон гардидаанд.

Муҳаммадӣ Абдурасулов дар тӯли фаъолияти эҷодӣ бисёр шогирдонро дар ҷодаи рақс тарбия ва ба камол расонидааст. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Файзулло Каримов, Ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон Садбарг Қосимова, Зуҳро Назарова, Хайрӣ Ватанова, Аълочиёни фарҳанги Тоҷикистон Арафамоҳ Давлатова, Шуҳрат Бобоев, Гулбарг Боқиева, Идимад Қаландаров, Нурулло Ибодов, Парвина Баротова, Файзинисо Касирова ва чанде дигарон шогирдони Муҳаммадӣ Абдурасулов мебошанд, ки имрӯз дар ҷодаи рақс мавқеи хоса доранд.

Муҳаммадӣ Абдурасулов аз зумраи устодоне мебошад, ки дар вақти ба саҳнагузории рақсҳо фолклор, этнография, расму русум, уруфу одатҳои миллии миллати тоҷикро ба тарзу эҷоди нав ба мардум муаррифӣ менамояд.

Нақшҳои офаридаи ӯ дар таҳияи рақсҳои миллии тоҷикӣ ва халқҳои бародар, тарбияи садҳо шогирдони ҳунарманд, бунёди ансамблу маҳфилҳои хореографӣ аз хизматҳои Муҳаммадӣ Абдурасулов дар рушди санъати зебои рақс аз умри пурбаракати ӯ дарак медиҳад.

Муҳаммадӣ Абдурасулов барои хизматҳояш дар инкишофи санъати хореографӣ бо мукофотҳо, медалҳо, ифтихорномаҳо ва соли 1988 бо унвони фахрии «Артисти хизмтнишондодаи РСС Тоҷикистон» сазовор дониста шудааст.

Муҳаммадӣ Абдурасулов дар ҳоли ҳозир низ ба фаъолияти ҳунарӣ машғул буда, бо бастакорон, коргардонҳо ва рассомони касбии Тоҷикистон алоқаи доимӣ дорад. Имрӯз таҳти сарварии ӯ дар театри ба номи Саидалӣ Вализода ансамбли рақсии «Нигина» таъсис дода шудааст, ки бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барномаи мукаммали фарҳангӣ тайёр намуда истодаанд, ки рӯзҳои наздик онро пешкаши ҳаводорони санъат мегардонанд.

 

Сарахон БОЗОРЗОДА,

мудири дафтари методии бахши Раёсати

фарҳанги минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code