ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФУ ҶАВОНМАРДИСТ!

Даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ

«Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст». Саҳаргоҳи 1 апрели соли равон аз чеҳраи бошукӯҳи ҷавонони ватандӯсту қавиирода, падару модарони меҳрубон ва сокинони бонангу номуси шаҳри бостонии Кӯлоб эҳсос мешуд, ки онҳо муқаддасоти моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба хизмати Модар – Ватан марбут аст, дарк намуда, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдоранд.

Воқеан ҳам хизмат ба Ватан қарзи фарзандии ҷавонон буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландии насли ҷавон, муҳимтарин мактаби обутоб дониста шуда, маҳз дар ҳамин мактаб ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши инсонӣ, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани марзу буми Ватани хешро азбар мекунанд.

Раиси шаҳр, узви Маҷлиси милии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Абдуқодир Исуф зимни суханронии хеш аз нуктаҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд: Бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин қарз нишонаи камолоти инсонии ҳар як ҷавон мебошад.

Ҷавонони мо, ки ояндаи миллат мебошанд, бояд донанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он барои ҳар як фарзанди бовиҷдон ҳам қарз ва ҳам фарз аст.

Дар ин самт идеали мо хизматҳои содиқонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳар як тадбир ва корнамоиву қаҳрамониҳои Пешвои миллат ба ҷавонони кишвар дарси шуҷоату мардонагӣ буда, дарки баланди инсондӯстӣ ва муносибати хуби одамгариро меомӯзонад. Дар ин раванд муаррифӣ ва тарғиби асарҳои эҷодкардаи Пешвои миллат барои аз худ намудани таърихи гузаштаву имрӯза, ворид шудани ҷавонон ба набзи ҳаёт, ояндабинии давлату миллат ва тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии насл мусоидат менамояд.

Имрӯз, чун ҳамаи мо дар ин майдони нангу номус фарзандони худро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда истодаем, бори дигар ҳамаи Шуморо ба ин рӯзи пуршараф табрику муборакбод намуда, ба наваскарон дар роҳи хизмати содиқона ба Ватан саодату комёбӣ ва барору музаффарият таманно менамоям….

Имрӯз, ҳар як ҷавон хуб медонад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Пас мо бояд бояд ҷавонон на танҳо дар забон, балки дар амал тамоми нерӯи худро ба он равона созем, ки дар кору пайкори ҳаррӯзаи худ пайравони воқеии Пешвои миллат бошем.

Дар фарҷоми чорабинӣ наваскарон бо волидайни худ зери таронаҳои консертии ҳунармандони шаҳри Кӯлоб бахшида ба «Рӯзи даъвати наваскарон» рақсу бозӣ карда, бо дуои пирони рӯзгордида ва волидайни хеш ба қисмҳои низомӣ сафарбар шуданд.

Дар хотима бо бардошти лаҳзаҳои гуворо аз ин чорабинии хотирмон суханони Пешвои муаззами миллатро баҳри пойдории сулҳу ваҳдат ва оромии Тоҷикистони азиз пешкаши ҳамватанон мегардонам:

«…ба ҷавонони бонангу номус ва худшиносу ватандӯст, соҳибкорони ҳиматбаланд ва ҳар фарди бонангу номуси миллат муроҷиат карда, мехоҳам, бори дигар таъкид намоям, ки ба мардуми шарифи тоҷик ва Ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибихтиёр, инчунин ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат кардан вазифаи фарзандӣ ва қарзи имониву инсонии ҳар яки мо ва мақсаду мароми ягонаи мост!».

ИСМАТЗОДА Хайём Иброҳим,

 прокурор-криминалисти прокуратураи

 ҳарбии гарнизони Кӯлоб, капитани адлия.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code